Баромади Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Камолзода Сайфиддин Исмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар толори Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳияи Ёвон

Санаи 14 майи соли 2025 дар толори Кохи фарҳанги ба номи Тағоймурод Хушвахтови ноҳия чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Камолзода Сайфиддин Исмон бо роҳбарони мақомоти қудратӣ, кормандони сохтору муассисаҳои давлатӣ, занону бонувони собицадор ва хизматнишондода, оилаҳои намунавӣ ва дигар фаъолон иштирок намуданд.
Нахуст, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Камолзода Сайфиддин Исмон аҳли нишастро ба муносибати ин санаи муҳим табрик гуфта, иброз доштанд, ки яке аз ҷузъҳои муҳими ҷамъият оила аст, яъне оила ячейкаи асосии ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад. Чуноне мо ҳамагон медонем, Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаммагуна баромаду вохуриҳои хӯд дар бораи ҳурмату эҳтироми калонсолон, падару модар, ҳисси баланди ватандустӣ ва алалхусус дар бораи ҳурмату эҳтироми якдигар дар оила сухан меронанд. Ва дар яке аз баромад ва суханрониҳои худ Ассогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтанд, ки “Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсони, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳамулгароӣ маҳз дар оила ташакул меёбанд” ва агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеъи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мегардад.
Барои бахту саодати оила маданияти баланди умумӣ, маданияти эҳсосӣ лозим, ҳамчунин ҳисси олии вазифашиносӣ, барои ҳаёту рӯзгори одамӣ ва дар назди ҷамъият масъулият ҳис кардан аст ва ҷавонон барои никоҳ бояд натанҳо аз ҷиҳати маънавӣ, балки аз ҷиҳати руҳӣ низ тайёр бошанд, чунки ақди никоҳ натанҳо шодмонии муҳаббати занушӯӣ ва фарзанддорӣ аст, балки он мушкилоти ҳақиқии зиндагӣ, ташвишу тарадудҳои зиёдеро ҳам дорост. Суханвари бузург Самуэл Ҷонсон чунин гуфтааст: “Никоҳ бисёр ғамгинӣ меорад, вале беникоҳӣ ягон хурсандӣ намеоварад”.
Аз ин хотир, инсон бояд ҳамаҷониба омодаи зиндагии комил бошад ва баҳри расидан ба мақсадҳои неки зиндагӣ, ҳам аз ҷиҳати руҳонӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодию ҷисмонӣ омода бошад. Сарвари давлат дар соли 2015 зимни ироаи Паёми солонааш ба Маҷлиси Олӣ гуфта буд, ки «Ҷомеаи солим аз оилаи солим ва насли солим ташаккул меёбад». Вобаста ба ин пешниҳод намуд, ки соли 2015 дар кишвар «Соли оила» эълон карда шавад . Аз ин хотир ҳар сол 15-уми май ҳамчун Рӯзи оила ҷашн гирифта мешавад.
Пойдорӣ ва устувории оиларо муҳаббат ташкил медиҳад. Агар дар оила муҳаббат бошад, зану шавҳар ба хотири он аз баъзе талаботҳои худ гузашт карда, ҳамдигарро ба хубӣ дарк кунанд ва мушкилоти дар оила ба вуҷуд омадаро ба осонӣ ҳал менамоянд. Агар ишқ барҳам хӯрад, зиндагии инсон фасоду касод мешавад. Аммо, мутаассифона, дар замони имрӯз муҳаббат муқаддасот ва қадру қимати худро аз даст додааст, ки ин боиси зиёд шудани оилавайроншавӣ дар миёни ҷавонон гаштааст.
Умри инсон ҳамеша дар ҳаракат аст ва мутаассифона он гузарон аст. Аз ин хотир инсон бояд кӯшиш намояд, ки умри хешро ҳамеша ба осудагию хушҳолӣ сипарӣ намояд. Иҷрои ин вазифа ва қарзи муқаддас дар навбати аввал бар уҳдаи зан аст. Дар ҷараёни ҳаёти муштарак бо шавҳар дар оромӣ, рафоқат, самимият ва дӯстӣ зиндагӣ кардан зан мақоми хоса дорад. Дар баробари ин шавҳар уҳдадор аст, ки барои осудагии оила шароити муносиб фароҳам орад. Дар китобе як ҳикояи мантиқию фалсафие дар васфи оилаи солиме хонда будам, ки дар давраҳои пеш сарвазири оқулу доное умр ба сар мебурд, ва рузе сарвазир ба назди дукони ҳайкалтароше мегузашт, ва чашмонаш ба як муъҷизаи устои ҳайкалтарош афтод, ки ҳайкалтарош ҳар гоҳе тешаашро ба чуб мезад мизи ҳайкалтарошиаш аз санг буд. Дар ин ҳолат сарвазир дар ҳайрат монда, хост сири истеъдоди ҳайкалтарошро, ки тешааш ба санг намерасад, фаҳмад. Ва дар ин давоми як чанд рӯз билохира ба хулосае омад, ки ба ҳамсари ҳайкалтарош як миқдор зару зевар дода, уро ба доми худ гирифта, то ки ҳарвақте, ки ҳайкалтарош ба хонааш меояд, ҳамсараш бо ӯ ҷангу ҷанҷол карда, муддати ду рӯз ин кирдоро ҳамсараш давом диҳад. Дар муддати ду рӯзи ҷангу ҷанҷолҳои байни ҳамсуру шавҳар, сарвазир аз дур ба устогии ҳайкалтарош нигоҳ меандохт, ҳар як тешае, ки ҳайкалтарош мехост ба чуб занад, нуги тешааш рост ба санг мезад, ва пас аз ду рӯзи таҷриба Сарвазир усторо бо ҳамсараш ба қасраш даъват карда, оиди ҳолати таҷрибаи гузарондааш фаҳмонид. Ва боз дубора пас аз чанд рӯзе сарвазир рафта кори ҳайкалтарошро аз дур назорат мекунад, ки ба мисли пешин, ҳайкалтарош бо асаби ором корашро ба мисли пешин давом додаистодааст.
Ба ақидаи Ибни Сино, вақте ки инсон хонаю манзил сохта, барои рӯзгор молро захира кард, ба каси харҷкунандаи он низ муҳтоҷ мегардад. Зани ҳақиқӣ шавҳари худро дӯст медорад ва ҳамеша дар хусуси муҳаббати ӯ фикр мекунад. Мутафаккир занҳои бешарму ҳаёро танқид намуда, собит кардааст, ки зани беишқу вафо эътибори оиларо ба нестӣ бурда, аз боварӣ ва муҳаббати шавҳар маҳрум мегардад.
Азбаски сатҳи зиндагӣ ва маълумотнокии падару модарон гуногунанд, тарбияи кӯдакон ҳам як хел нест. Фарзандон бояд дар фазои орому солими психологӣ, муҳити созгор ба воя расида, тарбияро аз оила гиранд. Зеро оила нахуст мактаби тарбияи инсон ва ташаккули тафаккури ӯ мебошад, ки тавассути он инсон минбаъд дар ҷомеа ҷой ва мақоми худро пайдо мекунад.
Дар иддаи оилаҳо, ба хусус баъзе оилаҳои ҷавон аз боиси камтаҷрибагии волидайн тарбияи кӯдакон коста мешавад. Яке аз сабабҳои он дар оила аз ҳад зиёд ҳукмравоӣ доштани калонсолон аст, ки кӯдакон аз тарс аз мустақилона рафторкунӣ маҳрум мешаванд. Дар чунин вазъият майлу рағбат, озодии онҳо фишор меёбад ва дар рушду камолоти маънавӣ маҳдуд мегарданд.
Инсон нахустин асосҳои феълу атвор, рафтор, кирдор, муносибат ба худ ва дигарон, муносибат ба меҳнат, муносибат ба ҳаёти ҷомеаро маҳз аз оила мегирад. Бесабаб нест, ки бузургон оиларо шаҳсутуни зиндагӣ, асоси давлат, танзимгари рушду нумуи миллат номидаанд. Тамоми бурду бохти зиндагӣ бо кори оила ва оиладорӣ зич марбут аст. Аз ин рӯ давлат ба оила ҳамчун ҷавҳари ҷамъият аҳамияти ҳамаҷониба медиҳад.
Аз азал тоҷикон мафҳуми «оила» ва «оиладорӣ»-ро муқаддас дониста, иззату эҳтироми байни аъзои оила, хусусан падару модарро ҳамеша ба ҷо меоранд. Ҳар як падару модар барои тарбияи фарзанд бояд аз беҳтарин анъанаҳои ахлоқии гузаштагонамон истифода барад. Доир ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд мутафаккири Шарқ Муҳаммад Ғаззолӣ фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмаи обе мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, пас поёноб низ мусаффо хоҳад шуд».
Дар партави гуфтаҳои дар боло зикр гардида, ҳаминро қайд кардан ба маврид ҳаст, ки ҳастанд оилаҳое, ба пастию баландиҳои зиндаги ва оиладори сабру таҳамулгарои накарда, ба суд аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, аз ҳам ҷудо мешаванд.
Бояд тазаккур дод, ки мақсади ҳокимияти судӣ бекор кардани ақди никоҳи шаҳрвандон набуда, бар акс мақомоти ҳокимияти судӣ дар симои судяҳо, кушиш ба харҷ медиҳад, ки солимии оилаҳо пош нахурда, ба онҳо дар асоси Қонун ба муҳлати то 6 моҳ муҳлат барои ошти шуданашон медиҳад ҳато баъзе аз аризаҳои даъвогиро дар истеъсолоташ рад мекунад.