Баргузории вохӯрии судманд бо сокинон ва фаъолони Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохили идоравии Суди ноҳияи Ёвон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, санаи 13 октябри соли 2022 дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло, ёрдамчии раиси суд Ҳокимзода Майҳан, пристави суд Ёрзода Масрур ва котиби маҷлиси судӣ Алихонзода Искандар бо сокинон, нозирони минтақавии ШВКД дар н.Ёвон, мизи ҳарбии Ҷамоат, раисони маҳал, вакилони Ҷамоат, кормандони дастгоҳи Ҷамоат, директорони МТМУ, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ, занону ҷавонон ва дигар фаъолон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мумбрам аз қабили:
- Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030;
- Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030;
- Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;
- Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025;
- Фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, санаи 31 марти соли 2022;
- Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 21 декабри соли 2021;
- бармаҳал бекор гардидани ақди никоҳи ҷавонон ва сабабҳои бекоршавии он;
- вобаста ба рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзандони ноболиғ тибқи талаботи КО ҶТ;
- ҷой доштани зӯроварӣ дар оилаҳо аз ҷумла, парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо м.931 КҲМ ҶТ;
- пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта;
- пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ;
- пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта;
- пешгирӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор аз ҷониби ҷавонон ва ноболиғон ва пешгирӣ аз содиршавии ҷиноятҳо барои муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ. (м.200-2101 КҶ ҶТ);
- вобаста ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ);
- риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.

smart

smart

smart

smart