Баргузории вохӯриҳои судманд дар муассисаҳои таълимии Ёвон
Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохили идоравии Суди ноҳияи Ёвон ва бо мақсади амалисозии Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024, мавзуъҳо дар бораи пӯшидани фарҳанги либоси миллӣ бо шиори либоси бегона ба миллати мо хос нест, аз ҷониби ҷавонон мондани ришҳои баланди бетартиб ва дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024, Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва фаҳмонидани мазмун ва муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29 январи соли 2021, №1753, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ); риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо, ки санаи 29 майи соли 2024 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М. ва муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А. бо хонандагон, омӯзгорон ва Кумитаи падару модарон баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон Ғанизода Ф.М. ва муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳамдамзода А. дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мумбрам аз қабили: бекор кардани ақди никоҳи ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ, вобаста ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва дигар мавзӯҳо баромад намуданд.
Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.