БАРГУЗОРИИ ВОХӮРӢ ДАР ДОИРАИ ЭЪЛОН ГАРДИДАНИ «СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ»
Дар доираи Нақша чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 20 марти соли 2024 дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолат бо кормандони соҳаҳои гуногун дар доираи эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» ва ҳамчунин ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 марти соли 2024 баён доштанд, санаи 23 апрели соли равон таҳти раёсати раиси ноҳия муҳтарам Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода дар толори қасри Фарҳанги ноҳия вохӯрии судманд бо аҳли фаъолони ноҳия доир карда шуд. Ҳамзамон бо мақсади баргузор намудани вохӯрӣ бо аҳли фаъолони ноҳия гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳайати судяи Суди вилояти Хатлон-Нусратуллои Асадулло, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон оид ба назорати қонунгузории андоз-Муродализода Суҳроб, намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон-полковник Обидзода Юсуф, нозири шӯъбаи муқовимат бо коррупсияи Раёсати Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон майёри адлия- Мирзозода Илҳомиддин Умар, муовини сардори Раёсати адлияи вилояти Хатлон- Раҷабзода Бибираҷабаб Сафаралӣ, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон-Насриддинзода Рамазон, мудири шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон- Сафаров Умарҷон ва намояндаи Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Қурбонзода Ҳаким иштирок намуданд. Ҳамзамон дар вохӯрии мазкур Абдуллозода Ҷамолиддин-раиси Суди ноҳияи Ёвон, Пирзода Парвиз Раҷабалӣ-прокурори ноҳияи Ёвон, Толибзода Саиднуриддин- сардори шубаи Раёсати кумитаи давлатии амнияти миллии вилояти Хатлон дар ноҳияи Ёвон, муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, омӯзгорони фанни ҳуқуқ, донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбии техникии ноҳия ва дигар фаъолон иштирок доштанд.
Вобаста ба масъалаи матраҳшаванда аз ҷониби баромадкунандагон андешарони карда шуда, бисёр нуқтаҳои муҳиму самарабахш гуфта шуд, ки ҳамагӣ дар баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти корҳои идеологӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯри ба аҳли зиё дода буданд, заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Инчунин аз аҳли фаъолони ноҳия даъват ба амал оварда шуд, ки ҳама он нуқтаҳое, ки имрӯз таъкид карда шуд рафта дар ҳамаи деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия бо усули хона ба хона рамонида шавад.