Баргузории машғулияти семинарӣ дар Шаҳритус

Санаи 1 апрели соли 2022 дар асоси нақшаи тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон оид ба гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, дар бинои Кохи фарҳанги ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П., муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. ва раиси Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди вилояти Хатлон Назарзода А. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла,
- Раҳмонзода Б.- судяи суди ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба адолати судӣ (Бобои 28 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон)»;
- Муминзода Ҳ.-раиси суди ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар мавзӯи «Хусусияти баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ марбут ба ҷиноятҳои сироят кардан бо вируси норасоии масунияти одам (моддаи 125 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Назариён А. -судяи суди ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон дар мавзӯи «Баррасии парвандаҳои гражданӣ дар бораи рӯёнидани маблағи қарзи бонкӣ аз ҳисоби амволи ба гарав гузошташуда тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- Саидзода Д. -раиси суди ноҳияи Н.Хусрави вилояти Хатлон дар мавзӯи «Рӯёнидани алимент аз шахсоне, ки барои сукунати доимӣ ба хориҷа рафтаанд (Конвенсия дар бораи ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҷиноятӣ.Минск-1993, Кишинёв-2002» бо маърӯзаҳо баромад намуданд.