Баргузор гардидани машғулияти семинарӣ байни судяҳо дар ноҳияи Кӯшониён

Рӯзи 24 феврали соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар бинои маъмурии МИҲД-и ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ, муовини якуми раиси суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш.С. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода П. баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла:

 -Муҳидинзода С. муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Омӯзиши боби 4-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Усмонзода С. судяи суди ноҳияи Ҷ.Балхӣ дар мавзӯи «Баррасии парвандаҳои гражданӣ вобаста ба эътирофи ҳуқуқи соҳибмулкӣ ба сохтмонҳои худсарона сохташуда»;

-Мирзода М.Ҳ. судяи суди ноҳияи Ёвон дар мавзӯи «Муайян кардани тартиби муошират бо кӯдакон ва муайян намудани ҷойи зисти онҳо»;

-Назариён А. раиси суди ноҳияи Н.Хусрав дар мавзӯи «Қоидаҳои умумии таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар ҳолати ретсидиви оддӣ, хавфнок ва махсусан хавфнок, аз ҷумла барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо»;

-Одиназода А. судяи суди ноҳияи А.Ҷомӣ дар мавзӯи «Тартиби баррасӣ ва таъини ҷазои маъмурӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар моддаи 481-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида».

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи феврали соли 2023 гузаронида шуд.

 Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.