Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019, №599 Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 қабул гардиддаст, ки мувофиқи он яке аз мақомотҳои ҳамоҳангсоз ва татбиқкунандаи Барномаи мазкур мақомоти судӣ ба шумор меравад.

Барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, афзун намудани эътимод ва боварии мардум ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти дигари давлатӣ, беҳтар гардонидани ақидаи шаҳрвандон нисбат ба фаъолияти онҳо, мақомоти судӣ бояд ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқиро дар байни аҳолӣ бо иштироки бевоситаи судяҳо, кормандони дастгоҳи суд дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ, инчунин гузаронидани вохӯриҳо бо коллективҳои меҳнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои хусусияти гражданӣ, иқтисодӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, манзилӣ ва дигар самтҳоро доранд, ба роҳ монад.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030 дар муассисаву ташкилотҳо ва шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон мулоқоту вохӯриҳои судманди роҳбарият ва судяҳои Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо сокинон, кормандони муассисаҳо ва хонадагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 18 майи соли 2021 вохӯрии навбатӣ дар Литсейи касбии техникии №2 ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А, муовини раиси суд Ҳукуматзода М.М, ёрдамчии раиси суд Ҳокимзода М.Қ ва котиби суд Файзуллоев Х.Т бо омӯзгорону хонандагон дар мавзӯҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», пешгирӣ аз омилҳои номатлуб ба мисли, ифротгароӣ, терроризм, экстремизм ва шомил шудани ҷавонон ба ин гуруҳҳо, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва пешгирӣ намудани ҳолатҳои нашъамандӣ доир гардид.

Ҳамчунин иштирокчиёни ҷаласа барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ- 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карда шуданд.