БА МАҲБАС БАРОИ ЛАТУ КУБИ ҲАМСАР

Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маҷлиси ошкорои судӣ муайян намуд, ки судшаванда Нуров Алиҷон Сафарович аз ин пеш соли 2015 бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон бо қисми 3 банди “а” моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шуда, аз ин барои худ хулосаи лозима набароварда, дар ҳолати ретсидиви хавфнок қарор дошта, боз нисбати ҳамсараш Нурова Маҳина Олимовна муомилаи бераҳмона карда, мунтазам шаъну эътиборашро, ки аз ҷиҳати моддӣ дар тобеъаш мебошад, паст мезадааст, ки дар натиҷаи мунтазам паст задани шаъну эътибораш Нурова Маҳина Олимовна тоқат накарда бо нӯшидани маҳлули (уксус) сирко суйиқасд ба худкушӣ даст задааст.

Чунончи ӯ  санаи 8 январи соли 2021, соатҳои 19-00 дақиқа ҳамсараш Нурова Маҳина Олимовнаро мавриди лату куб қарор дода, нисбати вай муомилаи бераҳмона мекунад. Ба ин муомилаи бераҳмонаи судшаванда, ҳамсрааш Нурова Маҳина Олимовна тоқат накарда аз дохили ҷевон шишаи дорои маҳлули сиркоро гирифта, аз он ба дохили пиёла рехта пас аз он вориди ҳуҷраи  истиқоматиаш шуда, маҳлули сиркоро нӯшидааст, ки дар натиҷа вазъи саломатиаш бад шуда, аз ҷониби хешу табораш рӯзи 9 январи соли 2021 ба Беморхонаи марказии ноҳияи Ёвон оварда мешавад.

Суд ҳангоми таъин намудани ҷазо ба судшаванда Нуров Алиҷон Сафарович, ки дар тарбияаш чор фарзанди хурдсол дорад, ҷабрдида Нурова Маҳина Олимовна саломатиаш хуб шуда, бо судшаванда оштӣ кардаанд, мақсад доранд, ки минбаъд бо ҳамдигар зиндагиашонро давом диҳанд, судшаванда ягона таъминкунандаи оила мебошад, баҳри эмин нигоҳ доштани оилаи судшаванда ва ҷабрдидаро ба инобат гирифта, ба хулоса омад, ки бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва банди 12-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи таҷрибаи судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо” аз 24 феврали соли 2005 ҷазои сабуктари маҳрум сохтан аз озодиро аз ҳадди поёнии раводиди қисми 2 моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии  Тоҷикистон пешбинишударо таъин менамояд, зеро чунин намуди ҷазо ба ислоҳшавии ӯ ва барқарор кардани адолати иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Бо дастрасии моддаҳои 332-336,338-339,341-344, 347-348 ва 359 КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон суд чунин ҳукм намуд:

Нуров Алиҷон Сафарович бо қисми 2 моддаи 109 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии моддаи 63 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди  маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шавад.

Иброҳимзода Ш.С,

Муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон