Азонихудкунии маблағҳои мактаби варзишӣ

Дар шароити кунунии рӯз то рӯз зиёд шудани сатҳи содиршавии ҷиноятҳо, ҷазои ҷиноятӣ яке аз василаҳои асосии ҷавоби давлат нисбат ба ин зуҳуроти номатлуби хавфноки ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.




 Аз ҷониби суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон санаи 24 январи соли 2022 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Тағоев Ҷ.Ҳ. дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои «а,б,г» қисми 2 моддаи 245 ва моддаи 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шодиков Ф.Ғ. дар содир намудани ҷиноят бо банди «б» қисми 2 моддаи 245 ва моддаҳои 36 қисми 2-323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Тағоев Ҷ.Ҳ. бо қарори раиси ноҳияи Ёвон аз 29.01.2021 сол, таҳти №142 ба вазифаи директори муассисаи давлатии Мактаби варзишии ноҳияи Ёвон таъин гардида, ҳамчун шахси мансабдор бо маслиҳати пешакӣ бо шиносаш судшаванда Шодиков Ф.Ғ.-ро бо фармони худ аз 01.06.2021 сол, таҳти №01/22 ба вазифаи мураббӣ оид ба намуди волейбол дар муассисаи давлатии мазкур  бо сарбории 16 соат дар як ҳафта дар асоси шартномаи меҳнатии берақам аз 01.06.2021 ба кор қабул намуда, бо дастури ӯ судшаванда Шодиков Ф.Ғ. аз моҳи июни соли 2021 то моҳи октябри соли 2021 ному насаби 20 нафар хонаидагонро дар дафтари банақша ва баҳисобгирии кори мураббӣ сохтакорона номнавис карда вазифаҳои хизматиашро иҷро накарда, ба номбурдагон тамрин нагузаронида, директори муассиса судшаванда Тағоев Ҷ.Ҳ. сохтакорона табели музди меҳнат пешниҳод намудааст ва судшаванда Шодиков Ф.Ғ. дар ин давом маблағи умумии 2336 сомону 19 дирамро аз муассисаи мазкур гирифта, онро аз они худ намуда, ба манфиаташ сарф намудааст. Мувофиқи санади санҷишии мутахассисони Раёсати молияи ноҳияи Евон аз 06.12.2021 сол маблағи азонихудкардаи судшаванда Шодиков Ф.Ғ. андозаи 2336 сомонию 19 дирамро ташкил медиҳад.

Ӯ такроран бо истифодаи ваколати мансабдорӣ бо фармони худ аз 30 июни соли 2021, таҳти №01/25 худро ба вазифаи мураббӣ оид ба варзиши сабук қабул намуда, то моҳи октябри соли 2021 ягон нафарро ба тамрин ҷалб нанамуда, дар табелҳои музди меҳнат сохтакорона аз моҳи июл то моҳи октябри соли 2021 ба худаш вақти корӣ нишон дода, маблағи умумии 1498 сомону 62 дирамро аз муассисаи мазкур гирифта, онро аз онихуд намуда, дар рӯзгораш сарф намудааст.

Ғайр аз ин, ӯ боз бо маслиҳати пешакӣ хеши шиносаш судшаванда Шодиков Ф.Ғ.-ро бо фармони худ аз 01.06.2021 сол, таҳти №01/22 ба вазифаи мураббӣ оид ба намуди волейбол дар муассисаи давлатии мазкур  бо сарбории 16 соат дар як ҳафта дар асоси шартномаи меҳнатии берақам аз 01.06.2021 ба кор қабул намуда, бо дастури ӯ судшаванда Шодиков Ф.Ғ. аз моҳи июни соли 2021 то моҳи октябри соли 2021 ному насаби 20 нафар хонандагон дар дафтари банақша ва баҳисобгирии кори мураббӣ сохтакорона номнавис карда вазифаҳои хизматиашро иҷро накарда, ба номбурдагон тамрин нагузаронида, аз моҳи июн то моҳи октябрн соли 2021 табели музди меҳнат пешниҳод намудааст ва судшаванда Шодиков Ф.Ғ. дар ин давом маблағи умумии 2336 сомону 19 дирамро аз муассисаи мазкур гирифта, онро азонихуд намуда, дар рӯзгораш сарф намудааст.

    Бо ин кирдори қасдонаи худ  судшаванда Тағоев Ҷ.Ҳ. ҷинояти  бо бандҳои “а,б,г” қисми 2 моддаи 245, ва  моддаи 323  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳкор бовар карда супурда шудааст, такроран аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, бо истифодаи ваколати мансабдорӣ, ва сохтакории хизматӣ, яъне аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани таҳсилотҳои бардуруғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардуруғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ ва судшаванда Шодиков Ф.Ғ. ҷинояти бо моддаҳои 36 қисми 2-323 ва 245 қисми 2 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда, яъне шарикӣ ҳамчун иҷрокунандаи ҷинояти сохтакории хизматӣ, аз ҷониби шахси мансабдор, ҳамчунин хизматчии давлатӣ ба асноди расмӣ дидаю дониста дохил намудани таҳсилотҳои бардурўғ, ҳамчунин ба асноди зикршуда ворид намудани ислоҳоте, ки мазмуни аслии онро таҳриф мекунад ё дидаю дониста додани ҳуҷҷатҳои бардуруғ ё қалбакӣ, агар ин кирдор бо мақсади ғаразнок ё дигар манфиатдории шахсӣ ва барои азонихудкунӣ ё исрофкорӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр, ки ба гунаҳкор бовар карда супурда шудааст, аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ содир намудаанд.

Дар натиҷа бо ҳукми суд Тағоев Ҷ.Ҳ. дар содир намудани ҷиноят бо бандҳои “а,б,г” қисми 2 моддаҳои 245 ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин моддаҳо дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо,     ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 400 (чорсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 24000 (бисту чор ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

Ҳамчунин, Шодиков Ф.Ғ. низ дар содир намудани ҷиноят бо банди “б” қисми 2 моддаи 245 ва моддаҳои 36, қисми 2-323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин моддаҳо дар асоси талаботи қисми 3 моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳо, ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 350 (сесаду панҷоҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21000 (бисту як ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат бидуни маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъин карда шудааст.

 Иброҳимзода Шамсиддин

муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон

Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон  бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.