АЗ СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БА АСРИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ ҚАДАМ НИҲЕМ

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бурду бохт ва омилҳои муҳими инкишофи кишварро тайи 1 сол хирадмандона баррасӣ намуда, ба ҳайси қутбнамои фаолият моро ба пирӯзиҳои навбатӣ ҳидоят мекунад. Ин паём аз ҳама бештар мо кормандони мақомоти ҳокимияти судиро ба ҳисси бештари масъулият раҳнамун менамояд. Аз ҷониби Пешвои миллат эълон шудани соли маърифати ҳуқуқӣ ба души мо вазифаҳои иловагии тарбияи ҳуқуқии оммаро мегузарад. Беш аз 16 сол Паём чун рукни робита ва омили сафарбаркунии омма ба бунёдкорию созандагӣ маҳсуб гардидааст. Ин рукни муассири судбахш нишон дод, ки дар сурати дақиқ будани барномаҳо, муайян гардидани вазифаҳо ва ёдрас шудани фишангҳои иҷрои онҳо ҳамаи қишрҳои ҷомеа ба ҳадаф зудтар мерасанд. Паём тарозуи бурду бохти фаъолият буда, бардошти бори он ба души тамоми шаҳрвандон аст. Касе ва ё муассисаву корхонае имтиёзу бартарӣ надорад. Таҷрибаи омӯзиш ва татбиқи он ҳамзамон дар ҳамаи вазорату идораҳо, чун мактаби такмил касб ва маҳорати корӣ эътироф шуд. Таҳлили амиқи фаолияти солона, кашфи захираҳои нав, татбиқи лоиҳаҳои мутобиқ ба усули иқтисоди бозоргонӣ гарави инкишофи устувор аст. Маъмулан дар Паём омор, рақаму далел аз амалияи зиндагӣ гирифта мешавад. Зеро Пешвои муаззами миллат дар зарфи сол қариб ба ҳамаи гӯшаю канори кишвар, ба ҳамаи соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ аз наздик шинос шуда буданд. Ин усули кори Пешвои миллат ҳисоботҳо ва маълумотҳои сермуболиға ва дабдабаноки иборат аз худситоиро решакан кард. Он чӣ айён аст, ҳоҷат ба баёни изофӣ надорад. Паёми навбатиро метавон барномаи воқеии ҷаҳиши бузурги таърихӣ номид.                                                        Барои самарабахш дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба рушди маърифти ҳуқуқӣ мо алифбои қонунро пиру барно дастрасу фаҳмо шаҳр медиҳем. Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила, муҳити атроф, маҳалла ва ҷомеа сар занад. Ин занҷири мутасили муҳими тарбия дар баробари волидон ва омӯзгорон ба души мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Воқеан ҳам дар собиқаи кориам мушоҳида кардам, ки бисёр шаҳрвандон аз маърифати пасти ҳуқуқӣ ба ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ даст мезананд. Аммо надонистани қонун ягон шаҳрвандро аз масуълият ва ҷазо озод карда наметавонад. Дар ин ҷабҳа бояд мо кормандони ҳифзи ҳуқуқ мададгори омма бошем. Имрӯз шароите фароҳам омадааст, ки ба олам давлати дунявӣ, ҳуқуқбунёди хешро собит намоем. Бояд тазаккур дод, ки Пешвои миллат ягона сиёсатмадори дунё аст, ки ба миллати худ чор китоби муқаддас, “Қуръон”, “Маснавӣ”-и Ҷалолиддини Балхӣ, китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро (Инак, “Шоҳнома”-ро низ тақдим хоҳан кард) тақдим кардаанд.

Барои мо меъёр, рамз ва намунаи беҳтарини ватандорӣ ин омӯзиш ва тарғиби сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошад. Соли маърифати ҳуқуқӣ дар болоравии ғурури миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихормандӣ аз Ватани маҳбуби Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳар сатри Паём пораи таърихи сивудусолаи набардҳои мардуми шарафи Тоҷикистон бо Сарварии Пешвои миллат мебошад.

 

Шукронаи он бояд кард, ки дар ҷаҳони пур аз даргириҳо боз алоҳида давлатҳо Истиқлолияти худро ҳифз карда наметавонанд. Ҳатто кишварҳое, ки дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург доштанд, имрӯз оғуштаи хун мебошанд. Истиқлолияти ҳар давлат як санаи таърихӣ дошта, ҳифзи он кушиш садсолаҳоро тақозо мекунад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли маърифати ҳуқуқиро маҳз барои ҳифзу амнияти миллати тоҷик эълон карданд. Ва бояд иқрор кард, ки ин ғамхории беназир дар ҳаққи мардуми кишвар мебошад. Зеро дар асри технологияи нав, низоъҳои низомӣ- ҳарбӣ, коҳиши сарватҳои табиӣ ва неъматҳои моддӣ мубориза шадидтар ва хатарноктар мегардад. Ман чанд ҳафта қабл дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ байни ҷавонон суҳбат доштам. Ҷавонони мо ба барои сазовори эътимоди Пешвои миллат кор кардан саъю талош мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода

Раиси суди ноҳияи Ёвон,

номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Бознашр аз ҳафтаномаи таърихӣ-тадқиқотии

“Самак” аз 23.05.2024 сол, №21 (654)