Аз ҷониби ронандаи маъюб идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ

Санаи 11 марти соли 2022 аз ҷониби муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳукуматзода М.М. парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати Авазов С.Қ, 25 декабри соли 1992 таваллудаш, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи нопура, оиладор соҳиби 2, маъюби гуруҳи дуюм, кор намекунад, пеш ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида нашудааст, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи К.Қурбонов, хонаи 15а, ҳуҷраи 50 дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаҳои 332  ва қисми 3 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда  мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки ҳуқуқвайронкунанда Авазов С.Қ. санаи 14 декабри соли 2021, тахминан соати 2130 дақиқа автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-астра”, рақами қайди давлатиаш В16-27 РТ 03-ро дар ҳолати мастӣ аз шароб идора намуда, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи А. Ҷомӣ ба самти ноҳияи Рӯдакӣ ва расидан дар роҳи мошингарди кӯчаи А. Ғуломов, Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Ёвон аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Сангов Абубакр Абдулҳокимович ва ноболиғ Аҳмадов Абдураҳмон Абдулҳамидович, 1 июли соли 2004 таваллудаш, ки дар канори роҳи мошингард сайругашт доштаанд, бо қисми пеши автомашинааш задааст, ки дар натиҷа ҷабрдидаҳои номбурда ҷароҳати ҷисмонии дараҷаи сабук ба саломатиашон бардоштаанд.

Ҳуқуқвайронкунанда Авазов С.Қ. дар мурофиаи судӣ ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, нишондоди худиқрорӣ додааст.

 Аз ҷониби суд гуноҳи ҳуқуқвайронкунанда Авазов С.Қ. дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии мазкур ба ғайр аз худиқрориаш ҳамчунин, бо далелҳои дар парванда мавҷудбуда аз қабили санади муоинаи тиббӣ барои муайян намудани далели истеъмоли шароб ва моддаҳои нашъадор аз 14 декабри соли 2021, ки мувофиқи он ҳуқуқвайронкунанда Авазов С.Қ. дар ҳолати мастии дараҷаи сабук қарор доштааст, санади таҳқиқоти тиббӣ-судӣ таҳти №229 аз 18 декабри соли 2021, ки мувофиқи он ҷабрдида Сангов Абубакр Абдулҳокимович ва ноболиғ Аҳмадов Абдураҳмон Абдулҳамидович, 1 июли соли 2004 таваллудаш ҷароҳати ҷисмонии сабук ба саломатиашон бардоштаанд, нақшаи садама, протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, маълумот дар бораи ҳодисаи роҳу нақлиёт, қарор дар бораи рад кардан аз оғози парвандаи ҷиноятӣ аз 25 декабри соли 2021 ва ғайра тасдиқи худро ёфтааст.

Аз ҷониби суд кирдори ҳуқуқвайронкунанда Авазов С.Қ. бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмурӣ барои идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ва бо қисми 3 моддаи 333 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз тарафи ронандагони воситаҳои нақлиёт, ки боиси расонидани зарари сабук ба саломатии инсон гаштаро пешбинӣ намудааст, банду баст карда шудааст.

Ҳангоми таъини ҷазо суд хусусияти ҳуқуқвайронкунии маъмурии содиршуда, шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарии маъмурӣ, вазъи молумулкӣ ва оилавии ҳуқуқвайронкунанда Авазов С.Қ.-ро ба инобат гирифта, ба ӯ тибқи қисми 2 моддаи 51 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ бо моддаи 332 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намуди ҷарима ба андозаи 300 (се сад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 18000 (ҳаждаҳ ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати (5 панҷ) сол таъин карда шудааст.

 Ҳукуматзода Муҳаммад

муовини раиси суди ноҳияи Ёвон