Авбошӣ ҷавони қаблан судшударо ба маҳбас бурд
Санаи 25 июни соли 2021 аз ҷониби Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон парвандаи ҷиноятӣ нисбати Султонзода Абдулло Рустам, 3 июли соли 1997 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муваққатан бекор, беҳизб, қаблан суд шудааст, оиладор, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Г.Юсупова, деҳаи Тутбулоқ, хонаи берақам, дар содир намудани ҷиноят бо банди “б” қисми 2 моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда баррасӣ гардидааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Султонзода Абдулло, қаблан суд ва дар ҳолати ретседиви ҷиноят қарор дошта, аз ин барои худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз санаи 23 феврали соли 2021, соатҳои 18-00 дақиқа, байни ӯ ва ҷабрдида Абдуллоев Кароматулло дар Терминали марказии мусофиркашонии ноҳияи Ёвон, воқеъ дар кӯчаи Р.Раҷабови Ҷамоати шаҳраки Ёвон баҳсу муноқиша сар задааст, ки ӯ дар ҳузури атрофиён нисбати ҷабрдида Абдуллоев Кароматулло дашномгӯӣ ва зӯроварӣ карда бо даст ва пояш ба руйи вай якчанд зарба зада, ба саломатиаш ҷароҳатњои гуногуни ҷисмонӣ расонидааст. Ин ҷангу ҷанҷоли судшаванда Султонзода Абдулло Рустам дар Терминали мусофиркашонӣ тахминан муддати 5-10 дақиқа давом карда, тартиботи ҷамъиятӣ дағалона вайрон гардида, ин ҳаракатҳои авбошонаи ӯ аз ҷониби шахсони дар онҷо ҳузурдошта бартараф карда шудааст.
Бо ин кирдори худ судшаванда Султонзода Абдулло Рустам ҷинояти авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, ки дар беэҳтиромӣ ба ҷамъият зоҳир мегардад ва бо зуроварӣ ба шаҳрвандон, ки боиси ворид намудани зарари миёна ба саломатӣ гардидаро содир намудааст.
Бо ҳукми суд Султонзода Абдулло Рустам дар содир намудани ҷиноят бо банди “а” қисми 2 моддаи 237 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо татбиқи моддаҳои 66 ва 68 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 (се) сол, бо нигоҳ доштан дар муассисаҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда шудааст.
Судяи суди ноҳияи Ёвон
Мирзозода М.Ҳ.
- Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.