Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 5 ноябри соли 2021 дар толори Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Дар ҷамъомади мазкур раиси Суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷамолиддин Абдулло вобаста ба мазмун ва муҳтавои муқарраротҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми раиси суд Иброҳимзода Ш.С., муовини раиси суд Ҳукуматзода М.М. ва судяи суди ноҳия Садирзода Р.С. бо маърӯзаҳо баромад намуданд.