ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛИЯТИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ
ДАР НИМСОЛАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025
Имрӯз, 9 июли соли 2025, дар маҷлисгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Суди Олӣ оид ба натиҷаи фаъолияти судҳои ҷумҳурӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҷамъбаст гардид.
Дар Раёсат Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П., муовинони Раис, судяҳои Суди Олӣ, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакт иштирок намуданд. Қисме аз судяҳои ҷумҳурӣ дар кори ҷаласаи Раёсат ба тариқи маҷозӣ (онлайн) ҳамроҳ шуданд.
Дар рӯзномаи ҷаласаи Раёсати Суди Олӣ як масъала — таҳлили натиҷаҳои фаъолияти судҳо дар шаш моҳи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Раиси Суди Олӣ, муҳтарам Мирзозода Р.П. дар суханронии худ аз дастовардҳои муҳими низоми судӣ дар давраи ҳисоботӣ ёдовар шуда, ба масъалаҳои риояи талаботи санадҳои қонунгузорӣ, таъмин намудани принсипи конститсонии дастраси ба адолати судӣ ва ба баррасии саривақтии парвандаҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки бо вуҷуди пешравиҳо ва бо нишондиҳандаҳои назаррас ҷамъбаст намудани нимсолаи якуми соли 2025, дар баъзе самтҳои фаъолияти судӣ ҳанӯз ҳам камбудиҳо ба чашм мерасанд, ки бояд дар нимсолаи дуюми соли 2025 таъҷилан бартараф карда шаванд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокдорон роҳҳои ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро бо ҳам мубодила карданд.
Дар фарҷоми маҷлис, бо назардошти натиҷаҳои таҳлил, ҷиҳати баланд бардоштани сифати кори судҳо, риояи интизоми меҳнат ва меъёрҳои одоби судяҳо ва дигар масоили ҳалталаб дастурҳои мушаххас дода шуданд.
Маҷлис бо қабули қарори Раёсат ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2025 ҷамъбаст гардид.
Манбаъ : Аз Сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон