Қалоби мардумфиреб дастгир ва ба паси панҷара рафт

=Ҷиноят ва ҷазо=

Аз ҷониби Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Камолзода Сайфиддин Исмон,  парвандаи ҷиноятӣ нисбати  Қ.Б. дар содир кардани ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр ё ба даст овардани ҳуқуқ ба молу мулки ғайр бо роҳи фиреб ё сўиистифодаи  боварӣ ба миқдори калон пешбинишударо мавриди баррасӣ қарор дод.

Судшаванда Қ.Б. сокини ноҳияи Ёвон, шояд боварӣ дошт, ки ин дафъа низ бо пардохти ҷаримае аз ҷавобгарӣ озод хоҳад гашт, вале ин тавр нашуд. Ҳарчанд номбурда дар соли 2023 бо чунин ҷиноят, яъне қаллобӣ ба даст афтодаву 58369 сомонӣ ҷарима супурда буд, аммо хулосаи даркорӣ набароварда ин аъмоли зишти худро боз такрор кардааст.

Чунончӣ, ӯ тахминан моҳи марти соли 2024 бо мақсади ба даст овардани амволи ғайр бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд А.И.Н., соли тавллудаш 1986, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи ба номи А.Ҷомӣ, бинои 36 даромада, маблағи 27000 сомониашро гирифта ваъда намудааст, ки бар ивазаш аз Ҷамоати шаҳраки Ёвон, кӯчаи А.Ҷомӣ, бинои 144 — 1 (як) манзили истиқоматии 3 ҳуҷрадорро ба расмият дароварда ба ӯ медиҳад. Вале Қ.Б. ба ваъда вафо накарда, маблағи тасарруфнамудаашро ба манфиати шахсиаш истифода намудааст.

Ҳамин тариқ номбурда баъди ду моҳи дигар, яъне дар моҳи майи соли 2024 шояд аз омад кардани кораш руҳбаланд гардида, боз ба боварии шаҳрванд Қ.М.Н, соли таваллудаш 1999 сокини Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Ҳусейнов, деҳаи Дастгираки Поён даромада маблағи 35000 сомониашро гирифта ваъда кардааст, ки ба ӯ аз Ҷамоати шаҳраки Ёвон, бинои №144 дар масоҳати умумии 180 метри мураббаъ нуқтаи мағозаи фурӯши хӯроквориро ба номи ӯ ба расмият медарорад. Вале боз ин қаллоб ба ваъда вафо накарду пули муфт ба даст овардаашро сарфи хароҷоти хеш кард.

Кораш шояд хуб омад кард, ки дар ҳамин моҳ яъне моҳи май фаъолияташ доман густурда шаҳрванди Ҷамоати деҳоти Обшорон, деҳаи Парчасой Х.Қ.Ҳ-ро ба «доми тадбири худ кашида» бо ваъдаи хушку холӣ гӯё аз Ҷамоати шаҳраки Ёвон боз аз ҳамон бинои №144 — 4 (чор) манзили истиқоматиро ба номи ӯ ба расмият медароварда бошад, 95000 сомониашро аз худ карда, ваъдаашро иҷро накард.

Умуман, ин қаллоб на танҳо 3 нафар, балки шаҳрвандони дигар аз ҷумла, Ш.Г.Р. – 10000 сомонӣ, З.Г.Т. – 45000 сомонӣ, Ҳ.А. -3000 сомонӣ, Р.М.Қ. — 30400 сомонӣ ва З.М.А. — 28740 сомонӣ маблағҳояшонро бо роҳҳои гуногуни қаллобӣ аз они худ карда, ба онҳо зарари калони моддӣ расонида дар мурофиаи судӣ худро пурра гунаҳгор мешуморад ва аз карда пушаймон низ ҳаст. Вале дар урфият беҳуда нагуфтаанд : «Оби рехтаро бардошта намешавад».

Суд ҳаракатҳои ин қаллобро мавриди таҳлил қарор дода,   Қ.Б.-ро бо моддаи 247 қисми 3 банди «а»-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо нигоҳ доштан дар коллонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои вобаста ба ҷавобгарии моддӣ дошта, ба муҳлати 4 (чор) сол таъин кардааст.

Ҳамчунин суд аз ҳисоби маҳкумшуда ба фоидаи ҷабрдидагон зарарҳои пулии расонидашуда рўёнида шудааст.

Шояд тақдири Қ.Б. ба дигар қаллобону мардумфиребон, ки имрӯзҳо дар ҷомеа вомехӯранд, дарси ибрат шавад. Иловатан аз шаҳрвандон низ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ваъдаҳои ҳар гуна ашхос зудбовар набошанд ва аз чунин муомилот худро канора гиранд.

Раиси суди ноҳияи Ёвон  —    Камолзода С.И.