Ҷаласаи 19-уми раисони судҳои Олии давлатҳои аъзои Созишномаи ҳамкории Шанхай дар Тошканд

23 май дар шаҳри Тошканд таҳти раёсати раиси Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон Бахтиёр Исломов ҷаласаи 19-уми раисони судҳои Олии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид.Дар чорабинӣ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Ҳиндустон Дхананджая Йешвант Чандрачуд, муовини раиси ҳокимияти Судии Ҷумҳурии исломии Эрон Қозим Ғарибободӣ, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қазоқистон Асламбек Мергалиев, раиси Суди Олии халқии Ҷумҳурии мардумии Чин Чжан Цзюнь, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Замирбек Базарбеков, раиси Суди Олии Федератсияи Россия Ирина Подносова ва раиси Суди Олии Ҷумҳурии исломии Покистон Қози Фаёз Исо иштирок намуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласаи мазкур намояндаи кишвари нозири назди СҲШ раиси Суди Олии Ҷумҳурии Беларус Валентин Сукало ва меҳмонон муовини котиби Генералии СҲШ Нуран Ниёзалиев ва директори Кумитаи иҷроияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев иштирок карданд. Пеш аз оғози машварат, иштирокчиёни он хотираи Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон Иброҳим Раисӣ ва дигар шахсони расмиро, ки дар садамаи ҳавопаймоӣ ҳалок шуданд, бо як дақиқа хомӯшӣ гиромӣ доштанд. Пас аз ифтитоҳи машварат мушовири Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомотҳои назоратӣ Дониёр Қодиров муроҷиати Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиеёвро ба иштирокчиёни чорабинӣ қироат намуд.

 Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки Созмони ҳамкории Шанхай низоми муоссири ҳимояи манфиатҳои умумӣ мебошад. Ин созмони бонуфуз дар таҳкими ҳамсоягии нек ва дӯстӣ, таъмини сулҳу субот дар минтақа нақши муҳим дорад. Аз рӯзи таъсиси Созмон байни кишварҳои иштирокчӣ руҳияи эҳтироми тарафайн, ҳамдигарфаҳмӣ, сатҳи баланди эътимод ва қобилияти қабули қарорҳои муштарак ташаккул ёфтааст. Ҳамкории мутақобилан судманди шарикони мақомоти олии судӣ барои ноил шудан ба ҳадафи умумӣ — таъмини волоияти қонун дар фазои СҲШ мусоидат мекунад. Дар давраи раёсати Ҷумҳурии Узбекистон дар баробари масъалаҳои баланд бардоштани самаранокии адолат ба ислоҳоти таъмини волоияти қонун дар низоми судӣ-ҳуқуқӣ низ диққати аввалиндараҷа дода шудааст.

Табодули фаъолонаи иттилоот оид ба масъалаҳои татбиқи ҳуқуқ, такмили қонунгузорӣ ва дигар ҷанбаҳои мубрами фаъолияти судӣ, аз ҷумла тавассути сафарҳо, инчунин иштирок дар зиёда аз 40 чорабиниҳои калон бо фарогирии ҳамаи самтҳо ва соҳаҳои ҳамкории бисёрҷониба амалӣ карда шуд. Дар ҷараёни машварат як қатор масъалаҳои мубрам, ки ба фаъолгардонии минбаъдаи ҳамкории судҳои Олии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Бо дарназардошти он, ки мубориза бо яке аз хатарҳои аср-хариду фурӯши одамон дар тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои СҲШ афзалиятнок аст, дар ҷаласа таҷрибаи судии баррасии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои фаромиллии одамон баррасӣ карда шуда, аҳамияти мубодилаи мунтазами таҷриба дар ин самт таъкид шудааст.

Ҳамзамон дар ҷаласаи мазкур, масъалаҳои дурнамои рақамисозии адолати судӣ бо истифодаи технологияҳои нав дар мурофиаҳои судӣ низ дар рӯзномаи маҷлис ҷой гирифтанд. Омодагии судҳои Олии кишварҳои иштирокчии СҲШ дар мубодилаи минбаъдаи таҷрибаи пешқадам ва донишҳои нав оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ ва зеҳни сунъӣ ҳангоми адолати судӣ изҳор карда шуд. Иштирокчиёни ҷаласа якдилона таъкид карданд, ки талошҳо ва ташаббусҳои муштараки судҳои Олӣ оид ба доираи васеи масъалаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ба афзоиши амиқ ва минбаъд баланд бардоштани нуфузи СҲШ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат мекунанд.

Дар натиҷаи машварат изҳороти муштарак дар бораи дурнамои ҳамкории мақомоти олии ҳокимияти судии давлатҳои аъзои СҲШ ба имзо расид.

Дар ҷамъбаст қарорҳои дахлдор оид ба мавзӯъҳои ҷаласа ва баргузории 20-умин ҷаласаи раисони судҳои Олии давлатҳои аъзои СҲШ дар соли 2025 дар Ҷумҳурии мардумии Чин инъикос ёфтаанд. Ҷаласаи 19-уми раисони судҳои Олии давлатҳои аъзои СҲШ дар сатҳи баланди ташкилӣ, дар руҳияи ҳамдигарфаҳмии комил ва вазъияти нек баргузор гардид.

Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон