ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН АЗ ҶОНИБИ РОҲБАРИЯТИ СУДИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

Санаи 27 августи соли 2021 дар асоси нақша-чорабиноҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон   қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон баргузор гардид. Қабули шаҳрвандон аз ҷониби раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Т.Г. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. бо иштироки судяҳо ва кормандони суди ноҳия гузаронида шуд. Дар чорабинии мазкур муовини раиси МИҲД-и ноҳияи Ёвон Саидзода Г., мудирони шуъбаи занон, маънавиёт, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва кор бо ҷавонони МИҲД-и ноҳияи Ёвон, раисони Ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия, котибони Ҷамоат, мутахассиси танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони САҲШ-и ноҳияи Ёвон, кормандони КДФ «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Ёвон, имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақтаи ноҳияи Ёвон, нозирони минтақавии ШВКД дар ноҳияи Ёвон, директорони МТМУ ҳудуди ноҳия ва дар маҷмӯъ 286 нафар шахс иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои зарурӣ гирифтанд. Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, ҳамчунин ба шаҳрвандон  тавсия дода шуд, ки онҳо метавонанд муроҷиатҳои худро ба тариқи хаттӣ ба Суди вилояти Хатлон ва ё ба Суди ноҳияи Ёвон пешниҳод намоянд.