ҶАҲОНИШАВӢ. ИНТЕРНЕТ ДАР БАЪЗЕ ҲОЛАТ ВОСИТАИ ТАРҒИБИ ҒОЯҲОИ ИФРОТИСТ

Ҳар гуна тағйироте, ки дар ҷаҳони пуртазод ба вуҷуд меояд, таъсири он хоҳу нохоҳ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мерасад. Маҳз бо назардошти чунин воқеоти ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати байналмилалӣ аз номи мардуми Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро доранд, пайваста дар баромадҳояшон аз минбари созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ перомуни хатарҳои таҳдидкунанда ба амнияти ҷаҳон ва суботу оромии сокинони сайёра ибрози назар менамоянд.

Имсол низ мисли солҳои қаблӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ, ки асосан дар бораи вазъ ва дурнамои сиёсати дохилию хориҷии давлат ироа мешавад, ба масъалаи таъмини амният таваҷҷуҳ зоҳир намуда, иброз доштанд: «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем. Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд».

Воқеан, имрӯз раванди ифротгароӣ ва терроризм аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир ба ҳисоб рафта, таҳдиди аслӣ ба ҷони инсонҳо шинохта мешавад. Мутаассифона, аксари амалҳои нангини ин гурӯҳҳо зери ниқоби шиору арзишҳои динии бебунёд сурат мегиранд, ки нафарони ноогоҳро зуд ба доми фиреб мекашанд.

Масъалаи дигари ташвишовар дар шароити ҷаҳонишавӣ, ин тарғиби ғояҳои ифротӣ тариқи интернет ба ҳисоб меравад. Интернет баҳри рушди экстремизм нақши калон мебозад. Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурӯҳҳои алоҳидаи қишри ҷомеа, махсусан ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин, яке аз масъалаҳои мубрами рӯз зарурати бартараф намудани рушди экстремизм аст.

Агарчи дар натиҷаи чораҳои муҳиму пурсамари андешидаи мақомоти давлатӣ ва ширкати оммавии сокинони мамлакат шиддати терроризму экстремизм дар дохили мамлакат паст шуда бошад ҳам, мо набояд нисбат ба рафтору амали душманонаи гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ бепарво бошем. Зеро, чуноне Пешвои миллат дар Паём таъкид кардаанд: «Хоинони миллат ва хоҷаҳои хориҷии онҳо то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90-ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд».

 

Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,

раиси суди ноҳияи Ёвон

«Ҷумҳурият», санаи нашр: 04.03.2021, №: 47