Машғулияти семинарии судяҳо дар ноҳияи Хуросон

Санаи 26 майи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар маҷлисгоҳи МИҲД-и ноҳияи Хуросон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси суди ивлояти Хатлон Аҳёзода Шамсулло Салим ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода Пайрав Сулаймонӣ баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза 4 нафар судя аз ҷумла:

 — Сафарзода М. раиси суди шаҳри Норак дар мавзӯи «Баррасии баҳсҳои гражданӣ вобаста ба расонидани зарари моддӣ ва маънавӣ»;

 — Бекмуродзода И. раиси суди шаҳри Бохтар дар мавзӯи «Хусусияти хоси баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ вобаста ба тасарруфи молу мулки ғайр ё тариқи кредит додашуда ва назорати иҷрои санадҳои судӣ»;

 —Амиршозод Д. судяи суди ноҳияи Вахш дар мавзӯи «Баррасии парвандаҳо оид ба ворид намудани ислоҳ, тағйирот ва иловаҳо дар сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ»;

 —Иброҳимзода Д. судяи суди ноҳияи Вахш дар мавзӯи «Омӯзиши бобҳои 12-14 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуданд.

Ҳамазамон, дар чорабинии мазкур аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон Муҳиддинзода Сайфиддин муовини якуми раиси суди шаҳри Бохтар бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш бо тантана гусел ва бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи майи соли 2023 гузаронида  шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малакаи касбии судяҳо ва ҳалли мушкилотҳои дар таҷрибаи судӣ муайяншуда мусоидат хоҳад кард.