ПАРЧАМ – РАМЗИ САДОҚАТ

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, баландтарин мақсаду  мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ  инъикос намудааст.

Парчами миллӣ имрӯз  ҳамчун нишонаи азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми “Дирафши Ковиёнӣ”-и аҷдоди ориёнажодамон бо тобиши се ранг:- ранги сурх-озодиву истиҳлол, ранги сафед- сулҳу оромӣ, ранги сабз-озодиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарҳалини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзамини бостониамон башорат медиҳад.

Мо аз он ифтихор мекунем, ки 24-ноябри соли 2010 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бунёди пояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфт. Ҳамчунин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурӣ шоми 30-августи соли 2011 дар шаҳри Душанбе Парчами давлатӣ, ки он вақт баландтарин парчам дар ҷаҳон (165м) буд, болои манораи пуршукӯҳ парафшон гардид.

Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун рамзи садоҳат ба халқу миллат ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ борҳо Парчами давлатии Тоҷикистонро бӯсидаву ба чашм молидаанд. Ин барои ҳар як сокини кишвар дарси ибрат дар ҷодаи муҳаббат ва садоқат ба Ватани маҳбуб мебошад. Мо, ҳамагон чун Пешвои миллати хеш ҳамеша ва дар ҳама ҷо бояд ба рамзҳои давлатии миллати хеш аз ҷумла, ба Парчами давлатӣ арҷгузор бошем.

Наимзода Фарҳод

Судяи суди ноҳияи Ёвон