Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ВАҲДАТ ВА РИЗОИЯТИ МИЛЛӢ

Сулҳ дар ҳаёти имрӯзаи мардуми шарифи тоҷик бо калимаи “Ваҳдат” пайванд гардида, мафҳуми бештареро фарогир гардид. Акнун дар ҷумҳурии азизамон- Тоҷикистон рӯзи 27-уми июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Мардуми фарҳангдӯсти мо ин рӯзро чун рӯзи баҳамоӣ, ҳамгироӣ, сулҳу оштипазирӣ ва ваҳдату ҳамфикрӣ ҷашн мегиранд. Ваҳдат неъмати гарону ноёфтанист, ки миллатро бузургию сарбаланд ва давлатро афзунию шӯҳратёр мегардонад. Маҳз ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки дар андак муддат Тоҷикистон гулафшону ободу зебо гашт. Пойтахти кишвари  маҳбубамон, шаҳри Душанбе имрӯз боз ҳам зебо гашта, дар ҷаҳон ҳамчун шаҳри сулҳ шинохта шудааст.

Ваҳдат дар тӯли мавҷудияти оламу одам аз мавзӯҳои муҳиме буд, ки ҳамеша мавриди арзёбӣ миёни уламову удабо қарор мегирифт. Мардуми тоҷик анъанаи гузаштагони хешро арҷ мегузорад ва такя ба арзишҳои маънавию ахлоқии худ, мардумро ба якдигарфаҳмӣ ҳидоят менамояд.

Сиёсати хирадмандонаву нодири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба сулҳу ваҳдат аз ҳамин сарчашмаи хираду худшиносии мардуми кӯҳанбунёд об мехӯрад. Имзои созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон беҳтарин мукофот буд. Ин созишномаи муҳим қомати хамидаи мардумро рост карда, халқи тоҷикро ба сӯйи мақсадҳои наҷиб ҳидоят намуд.

Мо тоҷикон анъанаҳои гузаштагони хешро арҷ мегузорем ва такя ба ин арзишҳои маънавию ахлоқии худ ҳамеша мардумро ба ваҳдату эҳтироми якдигар ҳидоят менамоем. Воқеан, соҳибистиқлолии ҳар кишварро арзишҳои муқаддас чун сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти ҷомеа муайян месозад. Боиси хушбахтист, ки имрӯз маҳз бо шарофати сулҳу субот дар роҳи таъмини рушди бонизоми иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар мардуми тоҷик қадамҳои устувор гузошт. Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он лаҳзае, ки ба сулҳу ваҳдат мушарраф гашт, саҳифаи тозаи таърихи навини давлату давлатдории тоҷикон оғоз гардид. Ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сароғози ташаббусҳои бузург дар роҳи ободкориву созандагии мо гашт. Дастони шарофатманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамон дастоне, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дасташро ба сӯи мухолифин ба хотири ба ҳам омадан дароз намуд ва силоҳ аз дасти нохалафон гирифт, парчами Ватанро ба чашмони худ молиду бӯсид ва ба он дасти накӯкоре, ки ба Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо гузошт, бо ҳамон дасте, ки роҳҳо, коргоҳҳо ва садҳо дари мактабу боғчаҳоро ба рӯйи толибилмон ва тифлакон во намуд, ахиран агрегатҳои якуму дуввуми Нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғунро кушод.

Хиради азалии мардуми тоҷик тавонист бо сарварӣ ва ҳидоятҳои дурандешона ва фозилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оташи ҷанги беақлонаву беҳадафро хотима диҳад. Зи файзи Ваҳдат имрӯз Тоҷикистон гулистони беҳадду канор, маркази нуру маърифат, чаманистони дунёи орзуҳост. Дар баробари ин имрӯз халқи тоҷик чун миллати номдор, шӯҳратманду ҷаҳонгард, маърифатпарвару илмдӯст ва тавоност.

Садирзода Рустам Суҳроб

судяи суди ноҳияи Ёвон