ҚОТИЛИ МОДАР

Чанде қабл мо ба хотири гиромидошти Модар Рӯзи Модарро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил намудем. Модарро давлати хонадон, ҳалқаи тиллоии миёни фарзандон, бахшандаю  меҳрубон ва дилсӯзи пайвандон медонем.

Ҷаннат, ки ризои ҳақ дар он аст,  Дар зери қудуми модарон аст.- гуфтаанд. Дар Рӯзи Модар ҳар яки хушбахти мо, ки модар дорем, туҳфае меҷӯем, ки писанди дили Модар гардад. Аммо барои модар аз ҳама туҳфаи беҳтарин ин таваҷҷуҳи фарзандонаи ҳар яки мост.

Мегӯянд: Модарон бахшандаю меҳрубонанд, дуои модар намегирад. Дар ҳақиқат чунин аст. Беҳтарин суруд Аллаи модар аст. Рухи модар аз тамоми оинаҳо зулолтар аст. Гармии оғушаш беҳтарин паноҳгоҳи фарзанд аст. Дили модар аз тамоми покиҳо поктар аст. Вале на ҳама ба қадри Модар мерасанд.

Мутаассифона, дар ҷомеа ёфт мешаванд касоне, ки на танҳо ба қадри Модар намерасанд, балки дасти нохалафи худро руйи модар мебардоранд. Модареро, ки нуҳ моҳу нуҳ рӯзу нуҳ соату нуҳ дақиқаю нуҳ сония дар батнаш бардошта, баъдан бо чи азобҳое ба дунё оварда ба камол расондааст, зери мушту лағат гирифтааст. Дар поён ҳодисаеро бароятон нақл мекунем, ки дар ягон мамлакати дигар не, дар ноҳияи мо, дар деҳаи Охуҷари Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнов рух додааст:

Он рӯзи наҳс, яъне 2-юми ноябри соли 2022 сокини деҳаи Охуҷари Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов, Давлонов Музаффар Искандарович, бинобар сабаби ҳавои боронӣ будан, ба кор ҳам нарафта, ба бозори марказии ноҳия омад ва баъди чанд муддат гашту гузор кардан, аз як мағозаи дохили бозор 2 (ду) шиша нӯшокии спиртии навъи «Турбо»-ро харидорӣ намуда менӯшад. Баъдан сархуш гашта чӣ номаъқулиҳое, ки мекунад, гӯё дар ёд надорад.Модари ӯ Хосият Тураева, ки зиёда аз як сол боз дар бистари беморӣ, бинобар аз кор мондани як қисмати баданаш оҷизу нотавон мехобид, аҳли оила-фарзандону келинҳо ӯро бонавбат нигаҳбонӣ мекарданд. Ҳамон шаб Хосиятхоларо келинаш Зулфия Мирзоева, ки ҳамроҳи шавҳару фарзандонаш аз хонаи хушдоман ҷудо зиндагонӣ мекард, нигаҳбонӣ менамуд.Соатҳои 22-и шаб Музаффар Давлонов, ки дар оила фарзанди хурдӣ буду ҳамроҳи модараш бо зану се нафар фарзандони ноболиғ зиндагонӣ мекард, масту аласт омада, назди онҳо даромад. Ва даромадан замон ба рӯи худаш бо дастонаш задан гирифт.Модар ин ҳаракатҳои Музаффарро дида, асабонӣ шуд, вале аз сабаби оҷизияш фақат мегиристу дигар чизе намегуфт. Фарзанди нохалаф аз ин гиряҳои модар ба ғазаб омада бо ҳарду дасташ гулӯи модари бемору оҷизу нотавонро гирифта буғӣ кардан гирифт. Келин Мирзоева Зулфия хост ба хушдоманаш кумак кунад, аммо Музаффар ӯро тела дода бо дашномҳои қабеҳ аз хона пеш кард. Зулфия Мирзоева ба хонаи писари дигари Хосият Тураева Сафаралӣ Давлонов рафта ин амалҳои Музаффарро ба ӯ гуфт. Дар ин вақт Музаффар низ аз қафои ӯ омад, бинобар ин Сафаралӣ ба гапҳои янгааш он қадар эътибор надод. Музаффар янгааш Зулфияро дашномҳои қабеҳ намуда, таҳдидаш кард. Ва боз ба манзили истиқоматиаш баргашт.Зулфия Мирзоева аввал ба шавҳараш Давлонов Сафарбек занг зад, чун телефони ӯ кор накард, ба дӯсти шавҳараш занг зада ҳодисаро ба ӯ фаҳмонд. Баъди чанде шавҳараш омада Зулфия Мирзоева ва фарзандонашро гирифта ба хонаи худашон бармегарданд.Музаффар ба назди модар, ки акнун дар наздаш дигар касе намонда буд, омада ӯро чунон лату кӯб мекунад, ки модар аз ҳуш меравад..Танҳо пагоҳии рӯзи 3-юми ноябр Музаффар ба ҷойи хоби Хосият Тураева даромада мебинад, ки сару рӯйи пур аз хуни ӯ ба як тарафи ҷойхобаш кашол аст. Ба хонаи акааш Сафаралӣ рафта янгааш Фотима Маҳмудоваро гирифта меорад ва мегӯяд, ки бояд либосҳои модарамро иваз кунем.Янгааш омада аҳволи зори хушдомани аз ҳуш рафтаашро дида, рафта ба шавҳараш хабар медиҳад. Ва писари дигари Хосият Тураева Давлонов Сулаймон, ки дар ноҳияи Файзобод кор мекард, ин хабарро аз додараш Сафарбек шунида, фавран меояд ва модарро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхонаи марказии ноҳия мебаранд. Вале модари нотавону оҷизу муштипар аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш рӯзи 9-уми ноябри соли 2022-юм вафот мекунад.

Ин аъмоли зишту ноҷавонмардонаи Давлонов Музаффар Искандаровичро суди ноҳияи Ёвон дар доираи моддаи 11- қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намуда, тибқи талаботи моддаи 336 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мукаллафии судшаванда Давлонов Музаффар Искандаровичро муҳокима намуда, муайян кард, ки номбурда мукаллаф буда, ба ягон намуд касалиҳои руҳӣ гирифтор намебошад.

Дар асоси гуфтаҳои боло, бо дастрасии моддаҳои 332-335, 339,341-344, 347-348, 350 ва 357-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суд чунин ҳукм кард:

Давлонов Музаффар Искандарович дар содир намудани ҷиноят бо банди «в» қисми 3 моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 14 (чордаҳ сол) бо адои ҷазо дар калонияҳои ислоҳии низомаш сахт таъин карда шавад.

Ин ҷазо на танҳо чораи маҷбуркунии давлатист, балки он бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ҳамчун ислоҳи маҳкумшуда ва пешгирии содиргардидани ҷиноятҳои нав чи аз тарафи маҳкумшуда ва чи аз тарафи ашхоси дигар, татбиқ карда шудааст.

Давлонов Музаффар аз ин кирдори кардааш хеле пушаймон аст. Аммо ин доғи нангини қотили модар будан то рӯзе, ки ҳаст дунболгири ӯст.

Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ

муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон