Баргузории машғулияти семинарии судяҳо дар шаҳри Леваканд

Рӯзи 27 январи соли 2023 дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар бинои маъмурии МИҲД-и шаҳри Леваканди вилояти Хатлон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои гарнизони ҳарбии вилояти Хатлон бо иштироки раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Расулзода Н.Ғ, муовини якуми раиси суди ивлояти Хатлон Аҳёзода Ш.С. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Наимзода П. баргузор гардид.

Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла:

-Муминзода Ҳ. раиси ноҳияи Вахш дар мавзӯи «Омӯзиши Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.2022 сол ва амалӣ кардани вазифаҳои дар он зикргардида»;

-Назарзода З. судяи суди шаҳри Норак дар мавзӯи «Ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти Конститутсионӣ ва амнияти давлат»;

-Мамарасулзода С. раиси суди ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи «Омӯзиши бобҳои 1,2 ва 3-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

-Ҳамрохонзода У. судяҳи суди ноҳияи Дӯстӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи баррасии парвандаҳои оилавӣ оид ба маҳрум намудан аз ҳуқуқи падару модарӣ».

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи январи соли 2023 гузаронида шуд.

 Машғулияти семинарии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.