ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН — ҚУТБНАМОИ РУШДИ ТАМОМИ СОҲАҲО

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамчун рукни муҳими давлати соҳибистиқлол дар ҷамъбасти сол ба Парлумони мамлакат дар заминаи барномаи мукаммали кори тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятӣ ва самтнамои ҳаракати устувори ҷомеаи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи дурахшон маҳсуб ёфта, он дар доираи манфиатҳои миллӣ, мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди кишварро муайян ва роҳандозӣ менамояд. Мазмун ва муҳтавои он аз таҳлилу баррасии вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ ва рушди бонизоми тамоми соҳаҳо, хусусан мавриди инкишофи соҳаи маориф ва рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии субъектҳо, иборат аз мушаххастарин роҳҳои инкишоф арзёбӣ гардидааст.Ин раванди муҳими таърихӣ тантанаи адолату бунёдкорӣ ва муҳаррики асосии созандагиву рушди мамлакат маҳсуб ёфта, дар амалӣ гаштани армонҳои таърихии мардум саҳмгузор аст.Ин иқдом дар шакли паём бо далелияту нерӯмандии бузург гузаштаро таҳлил намуда, вазифаҳоро барои оянда мушаххасу муайян роҳандозӣ менамояд.

      Дар заминаи пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин ҷода ба муносибатҳои нав мутобиқ намудани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори ҷомеа, хусусан  инкишофи бомароми вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳсуб меёбад.Яке аз муҳимтарин омилҳои муътадили ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми онҳо инчунин, риояи бечунучарои он вазифаи асосии тамоми шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Амалишавии ин раванд маҳз аз маориф оғоз мегардад. Ин нуктаи муҳимро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш, хеле оқилонаву дурандешона иброз намудаанд: “Бунёди миллати  мутамаддин аз маориф оғоз меёбад”. Дар ин гуфтор махзани аслии рушди маориф, фарҳанг, тафаккур, шинохти хеш ва одамият нуҳуфтааст, ки он ба маҳзари омӯзиши маърифату зебоӣ, илму доноӣ ва накуӣ табдил мегардад ва асли зиндагии мо низ бояд роҳандоз суи зебоӣ, бунёдкорӣ, шукуфоӣ ва накуӣ равона гардад.

       Рӯзгори паймудаи инсоният ва таҷрибаи воқеии давлатҳои пуриқтидори сайёра дар заминаи инкишоф ва рушди соҳаи маориф  бузургтарин далели инкишофёбии кишвар ва миллатҳо гардидаанд. Давлатҳои пуриқтидор аз қабили: ИМА, Чин, Ҷопон, Англия, Шветсия, Россия, Канада ва ғайраҳо маҳз муваффақ шуданашон ба дастовардҳои беназир аз ҳисоби волоияти қонун, захираи ақлонӣ ва рушди илму маориф аст. Таҷрибаи таърихӣ исбот намудааст, ки маориф саодати инсонро дар ҷомеа дар заминаи адолат ва қонун таъмин менамояд.

      Таҳаввулот ва пешрафти беназири тамоми соҳаҳо, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвари азизамон ба миён омада истодааст, маҳз дар заминаи гузоштани вазифаву мақсад ва пешниҳодҳои илман исботгардидаву воқеъбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ироаи паёмҳои ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ  ба миён омада истодааст. Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат бо мақсадҳои созандагиву ободкорӣ, пешрафти бонизоми кулли соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо фароҳамоварии зиндагии шоиста ва ваҳдати мардуми кишвар гардида, созгор ба ҳаёти воқеии имрӯза илҳомбахшу вусъатдиҳанда ба тамоми самтҳо гаштааст.

      Хусусияти назарраси пайёмҳо ва мулоқоту вохӯриҳои Пешвои муаззами миллат пеш аз ҳама дар таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, қонунгузорӣ, илму фарҳанг, маориф ва арзёбиҳои воқеъбинонаи авзои тағйирёбандаи ҷаҳони муосир равона гардидааст. Дар ин замина робитаи ногусастании паёмҳо аз лиҳози барномарезиву стратегияи сиёсати давлатӣ барои расидан ба пешрафтҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар, хусусан таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва расидан ба ҳадафу мақсадҳо дар заминаи тарбияи насли наврас ва волоияти қонуну қоидаҳои ҳамзистӣ бо дарназардошти масоилҳои ҳалталаби ҳамаи соҳаҳо, хусусусан масоили маориф ва рушди он ҳамчун стратегия арзёбӣ гардида, ҳаллу фасли он аз ҳар як шаҳрванд ва тамоми сокинону масъулон вобастагӣ дорад.

      Бошуурона муносибат ва амал намудан дар таҳким ва рушди соҳаи тақдирсози миллат-маориф, таъкиди нақши он ҳамчун рамзи хештаншиносӣ, ҳуввияти миллӣ ва омили инкишофи босуръати кишвар ва ваҳдату якпорчагии давлату миллати тоҷик мебошад. Бисёр зарур аст, ки таълиму тарбия дар асоси меъёрҳои ҳуқуқӣ дар оила, боғчаҳои бачагона ва муассисаҳои таълимӣ дуруст ба роҳ монда шавад, зеро он омили асосии рушди давлату миллат, бақову амну осоиш ва заминагузор ба инкишофу рушди ҷомеа ва тамоми соҳаҳо мегардад.

       Ин нуктаҳои муҳим аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз лаҳзаҳои аввалини фаъолияташон ба ҳайси роҳбари оқилу доно оғоз гардида, давра ба давра вобаста ба омил ва пешомадҳо соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки муҳими ҷомеа ҳисобида, барои рушду нумӯи он пайваста кӯшишу ғамхориҳои зиёд зоҳир менамоянд.

       Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, масъалаи маориф ва дурнамои он мебошад. Воқеан ироаи навбатии Паёми Пешвои миллат давоми мантиқии сиёсати дурбинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб меравад. Пешрафти минбаъдаи соҳаҳои илму маориф аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро андӯхтани дониш, маърифати сатҳи баланд, ҷанбаҳои аслӣ ва поягузор ба таъмини воқеии сохти конститутсионӣ, сулҳу суботи ҷомеа маҳсуб ёфта, раванди одилона ва бомароми ҷомеаро таъмин менамоянд.

       Дар ин замина Ҷаноби Олӣ, дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд, ки ”Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгоронро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумла масъалаҳои муҳимтарин медонем.Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум  паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву  сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад.Вобаста ба ин, бори дигар таъкид менамоям, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масаълаҳои дар ин самт ҷойдошта – сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад”.

       Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд. Воқеан нуктаи назари иброзгардида мавриди бунёдкориҳо дар масири таърихи кишвари мо исботи хешро пайдо намудааст. Агар мо лаҳзае ба саҳфаҳои таърихи даврони истиқлол беғаразона назар афканем, пас маълум мегардад, ки на танҳо таваҷҷуҳ ба ин соҳаи тақдирсоз бекарона аст, инчунин бо ҷиддият анҷом додани корҳои бузург дар ин соҳа сол ба сол бо тақвият ва нерӯмандӣ идома ёфтаистодааст.Такя ба сарчашмаҳои пешниҳодгашта, то ҷашни 30 – солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаҳои томактабӣ ва 338 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда шуданд.

    Сарфи назар аз таъсиротҳои мухталиф ва таҳаввулотҳои соҳаи иқтисодиёти ҷаҳон  ва таъсиротҳои манфии омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи андешидани тадбирҳои муҳим ва саривақтии зиддибӯҳронӣ дар панҷ соли охир  рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба миқдори 7,3 фоиз зиёд гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ рӯ ба инкишоф намуд. Маҳз ҳамин дастовардҳо заминаҳои иқтисодии кишварро баланд бардошта, раванди тараққиётро дар ҳама ҷабҳаҳо ба миён оварданд. Ин таҳаввулоти муҳим, хусусан мавриди раванди инкишоф ва рушд аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус қайд гардид, ки “… Дар даврони зикршуда аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 842 бинои муассисаҳои таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст. … Дар 31 соли Истиқлоли давлатӣ 3430 муассисаҳои таълимӣ барои қариб яку ним миллион хонанда сохта ба истифода дода шуд. Ҳол он ки дар 70 соли замони гузашта ҳамагӣ 3229 муассисаҳои таълимӣ бунёд гардида буд.Бо вуҷуди ин, корҳои то имрӯз дар ин самт амалигардида ҳоло ҳам басанда нестанд.”

    Равнақу ривоҷи илму маориф дар ҳама давру замонҳо нишони тамаддун ва таъриху фарҳанги миллати мо буду мемонад. Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки барои пешрафти соҳаҳои илму маориф дар Ҷумҳурӣ  корҳои зиёде ба анҷом расонида шудааст. Дар навбати худ ин ғамхориҳои беғаразона танҳо ва танҳо барои инкишоф ва ташаккулёбии ҳар фарди соҳибдилу нексиришт нигаронида шуда, он мавриде амалӣ ва самарабахш мегардад, ки агар аҳли ҷомеа рӯй ба таърихи ноб ва адабиёти ғании миллат ва дастовардҳои наҷиби инсоният оварда, пайваста омӯзад, накӯву пурсамар  машғул гардад ва илмҳои муосирро аз худ намояд.

      Оғози татбиқи ин мақсаду ҳадафҳоро мо бояд аз оила, боғча, муассисаҳои талимӣ, донишкадаҳо, корхонаҳо, хулас дар ҷомеа роҳандозӣ намуда, ҷораҳои зарурӣ ҷустанамон зарур аст, то ВАО, шабакаҳои радио ва телевизионро мувофиқ ба забони гуфтугӯиамон намуда, ба нашри бехатову орӣ аз нақсу камбудиҳо ва покии забон  таваҷҷуҳ зоҳир намоем. Дар ин маврид корҳои ба сомон надода ва мушкилиҳо ҷой доранд. Мо бошандагони ҷомеа, аҳли маориф, зиёиён, омӯзгорон ва тамоми шаҳрвандон муваззафем дар ин ҷода заҳматҳои бекарона ва корҳои бузургеро ба иҷро расонем.

      Дар охири садсолаи бистум ба халқи тоҷик имкон фароҳам омад, ки истиқлоли давлатиро молик шавад. Дар навбати худ истиқлоли давлатӣ ба шаҳрвандони тоҷик имкони соҳиб шудан ба гузаштаи  пурифтихори таъриху маданият, адабиёту санъат пайдо кунонида, дар навбати худ амалҳои накӯи гузаштагонро эҳё ва идома диҳанд. Таърихи гузаштаи халқи тоҷик аз лиҳози ғановат ва бузургӣ пур аз саҳфаҳои омӯзанда ва пурифтихорро дорост. Дар ин замина дастовардҳои адабиёт, санъат, илм, тиб, шаҳрсозӣ, кишоварзӣ ва ғайраҳо ба ҷаҳониён хизмат намуда истодаанд. Аҷдодони мардуми тоҷик дар гузашта ба масоилҳои гуногуни табииёт ва коинот таваҷҷуҳи бемисл зоҳир намуда, андешаҳои нотакрори илмии хешро ба оламиён пешкаш намудаанд, ки имрӯз низ онҳо пурарзиш маҳсуб меёбанд. Аломаҳое чун Муҳаммад Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Абурайҳон Берунӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Умари Хайём, Насриддини Тусӣ ва садҳо нафар нобиғагон дар раванди илмҳои риёзиву ситорашиносӣ, табиатшиносиву нуҷум, ҳандасаву ҷуғрофия, таъриху нуҷум  саҳмгузоранд.

      Вобаста ба азалӣ будани фитрату тавоногии мардуми фарҳангӣ ва  пайвастагии гузаштаву имрӯзаи халқи тоҷик таҳкурсии реалии илмӣ, заминаҳои эҷодиро дар ҷомеа фароҳам меоварад. Масоилҳои рушди мамлакат дар шароити кунунӣ дар ин замина оғози ҳадафи чоруми стратегии кишварро ба миён овард. Рушди саноатикунонӣ ба илмҳои риёзӣ алоқамандии азиме дорад. Аз ин хотир, ин нуктаҳои муҳим аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», саҳфаҳои нави раванди тараққиётро ба миён меовард. Амалигардонии раванди мазкур, метавонад таккони бузургеро дар иқтисодиёт ва раванди босуръати иҷтимоиёт низ фароҳам оварад. Ин ташаббуси наҷиб аз ҷониби омӯзгорон, падару модарон ва пиру барнои кишвар хуш истиқбол гардида, корҳои бузург дар ин раванд бо маром идома доранд.

      Барои муҳайё гардонидани шароит ва сабқати ҳақонӣ байни ҳавасмандон сараввал чора ва усулҳои ҷадидро роҳандозӣ намуда, дар ин замина баргузор намудани озмунҳо, шабҳои саволу ҷавоб, мизҳои муддаввар, олимпиадаҳо дар байни хонандагон ва донишҷӯён заруру ҳатмист.

      Бедор намудани таваҷҷуҳи омма ба китобхонӣ  ва  китобдӯстӣ  яке аз масъалаи аввалиндараҷаи Ҳукумати кишвар маҳсуб меёбад. Ру овардан ба китоб дар шароити ҷаҳонишавӣ муқтадиртарин роҳи наҷотбахш аз ҳуҷумҳои мақсадмандон мавриди  мағзшӯии омма ба ҳисоб меравд. Зеро шахсе, ки китоб мутолеа менамояд, шахсе ки бо адабиёт сару кор дорад, ӯ ҳамеша муваффақу дастболост. Таҷрибаҳо бозгӯи оннанд, ки танҳо насли бесаводу бемаърифат зери таъсири шабакаҳову сомонаҳои иҷтимоӣ фирефта гардида, аз ахлоқи шоиста ва маданияту маърифати миллии хеш дур мегардад. Дар ин замина роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва падару модаронро зарур аст, ки боз ҳам  муносибати хонандагонро ба хондани китоб ва аз ёд кардани порчаҳои назму наср ҷиддӣ роҳандозӣ намуда, барои боло бурдани сатҳи маърифатнокӣ тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва сухандону сухангӯ шудани насли ояндаи кишвар, тадбирҳои ҷиддӣ ва судмандро ба роҳ монанд.

      Барпо гардидани озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”, «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар кишварамон бори дигар собит намуд, ки мардуми тоҷик китобро ганҷинаи ҳастии миллат ҳисобида, модарон дар гаҳвораи тифли навзод маҳз аввалан китобро зери болини кӯдак мегузоранд. Ин амал ба мақсади эҳтиром доштани мардум ба китоб ва китобхонии фарзандон равона гардида, орзӯи ояндаи олиму инсони комил гардидани тифлакон дар ҷарраёни зиндагӣ аст. Вобаста ба тараққиёти илму техника вақтҳои охир коҳишёбии сатҳи китобхонии шаҳрвандон ба чашм мерасид. Аз ин хотир, аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ озмунҳои мазкур амалӣ гардида, собит сохт, ки дар кӯтоҳтарин вақт насли наврас ва тамоми сокинони кишвар рӯ ба китоб оварданд. Китоб ҳамчун бузургтарин ихтирооти башарият, аз нав мақоми баланди худро ёфта истодааст, ки бисёр кори арзишманд аст. Мардумони фарзона хондани китобро ба ягон хазина иваз намекунанд, зеро машғул шудан ба омӯзиши илм ибодат аст. Шахсе, ки ба омӯзиш ва мутолеаи китоб машғул нест, ба ояндаи худ хиёнат мекунад.

      Дар заминаи омӯзиши китоб омӯзгорон, падару модарон ва аҳли ҷомеа вазифадорем сараввал, он бардошти омӯзиширо бо шинохти дурусти таърих ба шогирдон ва насли ҷавон тарғибу ташвиқ намуда, мероси маънавӣ ва оину суннатҳои мардуми кишварро, ки дар хотираи таърихи миллат нақш бастаанд ҳифз ва ташаккул диҳем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид иброз намуданд, ки «Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем. Бахусус, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад».

      Дар ин ҷода иқдоми сазовори таҳсини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мавриди аз ҳисоби фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр ва ба ҳар як оила тақдим гардидани китоби «Тоҷикон» пурарзиштарин тӯҳфаи маънавӣ ба ҳисоб меравад. Эҳтиром ва гиромидошт нисбати нобиғаҳои миллат метавонад пояҳои давлати миллиро устувор  намуда,  такомули маънавии ҷомеаро сифатан баланд намояд.Аз ин хотир эълон намудани озмуни “Тоҷикон- оинаи таърихи миллат” дар соли 2023 иқдоми навбатии ҳукумати кишвар махсуб ёфта, заминаҳои воқеан тарбиявию ахлоқии чомеа ва шаклгирии ҷаҳонбинии бошандагони ҷомеаро ба маротиб ба пеш роҳандозӣ менамояд.Озмуни “Тоҷикон”- оинаи таърихи миллат” пеш аз ҳама ба мақсади арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корнамоиҳои шоистаи ниёгон  дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ доир мегардад.

      Бо бовари иброз менамоем, ки вобаста ба масоил ва пешниҳоду таҳлилҳои дар Паём зикргардида дар ҳамаи муасиссаву корхонаҳо  нақшаву чорабиниҳо мавриди амалӣ намудани он ба тавсиб расидааст. Зарур меҳисобем, ки дар фарҷом иқтибос аз гуфтаҳои Президенти мамлакат мавриди ислоҳоти соҳаи тақдирсози миллат пеш оварем; «Агар мо ба сифати баланди таълиму тарбия ноил нагардем, ислоҳоти соҳаи маориф арзише  пайдо намекунад. Бинобар ин дар тамоми зинаҳои таълим сифат бояд масъалаи асосӣ бошад». Аз ин хотир вақте расидааст, ки мо аз миқдор ба сифат гузашта оғоз аз омӯзгорони азиз мавриди сайқал додани дониши хеш, ҷаҳонбинӣ, тафаккур, малака пайваста кӯшиш намоем. Бо шогирдон ҳалиму меҳрубонона муносибат намуда, нисбати донишандӯзӣ сахтгиру ҷиддӣ фаъолият намоем.

      Муссалам аст, ки имрӯз барои инкишофи тамоми соҳаҳои ҳаёти мамлакат шароиту имконияти воқеӣ ва мусоид фароҳам оварда шудааст. Танҳо меҳнати ҳалол, дарки ҳамҷонибаи вазифаву масъулият ва сидқан заҳмат кашидан моро ба сӯйи музафариятҳо роҳандозӣ менамояд. Ҳадафи асосии сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат фароҳамоварии зиндагии пурарзишу воло ва пеш аз ҳама боло бурдани эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалист. Ин ҳадаф ва мақсадро тамоми мардуми сарбаланди  кишвари азиз ҷонибдорӣ намуда, татбиқи амалишавии саривақтии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллатро  содиқона роҳандозӣ  менамоянд.

АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН

Раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон