НАҚШИ ҲОЛАТҲОИ САБУККУНАНДА ВА ВАЗНИКУНАНДА ДАР ҚАТОРИ МЕЪЁРҲОИ ТАЪИНИ ҶАЗО МУТОБИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

НАҚШИ ҲОЛАТҲОИ САБУККУНАНДА ВА ВАЗНИКУНАНДА ДАР ҚАТОРИ МЕЪЁРҲОИ ТАЪИНИ ҶАЗО МУТОБИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛО
раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон, унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовиммат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон.
734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17.
Тел.:+992 93 324 36 36; Е-mail: Abdullozoda1985@gmail.com
Мақолаи мазкур ба мавзўи нақши ҳолатҳои сабуккунанда ва вазникунанда дар қатори меъёрҳои таъини ҷазо мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, ба мушкилотҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ дар ин соҳа бахшида шудааст. Муҳимияти мавзӯи мазкур бо он зоҳир мегардад, ки муайянсозии шахсияти гунаҳгор яке аз мушкилотҳои мураккаб ва дар мавриди дигар дорои аҳамияти муҳими амалии ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ ва криминологӣ ба шумор меравад.Новобаста аз оне, ки ба омӯзиши он корҳои илмии зиёд бахшида шуда бошанд ҳам, аммо он то айни замон аҳамияти мубрами худро гум накардааст. Ҳолати мазкур бо он асоснок мегардад, ки шахсияти гунаҳгор барои аз ҷониби суд фардикунонии ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазо аҳамияти муҳим дошта, ин муқаррарот таҷассуми бевоситаи худро дар таърифи қонунии принсипи адолат (қ.1-и м.8-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва асосҳои умумии таъини ҷазо (қ.3-и м.60-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) ёфтааст. Дар мақола мушкилотҳои зерини амалӣ аз қабили: аз ҷониби судяҳо ҳангоми таъини ҷазо дар баъзе маврид ба ҳолатҳои сабуккунандаи кирдори содирнамудаи шахс баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода нашуда, назар ба ҷазои сабуктар ҷазои вазнинтар таъин карда мешавад, ки дар натиҷа он боиси тағйирёбии ҳукми суд ва аз ҷониби судҳои болоӣ сабуктар гардидани ҷазо мегардад. Ҳамчунин, ҳолатҳое вомехуранд, ки аз ҷониби судяҳо ҳангоми таъини ҷазо ҳолатҳои вазнинкунандаи шахсияти судшаванда аз қабили, қаблан суд шудан, доштани доғи судии бардоштанашуда ва ё барҳамнахурда мадди назар карда шуда, нисбати судшавандагон ҷазои сабуктар таъин мегардад, ки ҳолати мазкур низ боиси бекор гардидани санади судӣ мегардад.
Калидвожаҳо: шахсияти гунаҳгор, ҳолатҳои сабуккунанда, ҳолатҳои вазнинкунанда, баэътиборгирӣ, интихоб ва таъини ҷазо.
Дар ҷараёни интихоби чораи таъсирбахш нисбат ба гунаҳгор қонун ба ҳолатҳои сабукунанда ва вазнинкунандаи ҷазо нақши намоёнро бахшидааст. Ҳолатҳои мавриди таҳқиқот қароргирифтаро метавон ҳамчун омилҳои объективӣ ва субъективие муайян кард, ки ба ҷиноят ва (ё) ба шахсияти гунаҳгор тааллуқ доранд ва аломатҳои таркиби ҷиноят намебошанд, ки дар дараҷаи каму зиёд дар бораи хавфи ҷамъиятии ҷиноят ва шахсияти гунаҳгор шаҳодат медиҳанд ё танҳо шахсро тавсиф медиҳанд.
Ҳолатҳои содир намудани ҷиноят, ки сабуккунанда ва вазнинкунанда эътироф карда мешаванд, ҳамаи онҳо бе истисно ба дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии кирдори содиргардида ва дар як вақт ба дараҷаи хавфнокии шахсияти гунаҳгор таъсир мерасонанд, аз ин лиҳоз, бояд аз тарафи суд ҳангоми интихоби ҷазо ба инобат гирифта шаванд.
Мушкилӣ бо он ҳолатҳое зоҳир мегардад, ки ҳолатҳо дар доираи кирдори таҷовузкоронаи муввақатӣ ҷойгиранд. Тавре дар боло гуфта гузаштем, баъзе аз онҳо дараҷаи хавфнокии шахсияти гунаҳгорро тавсиф медиҳанд ва бинобар ин, асос барои аз тарафи суд ба инобат гирифтани онҳо вуҷуд дорад. Аммо ҳастанд дигар намудҳое, ки на дараҷаи хавфнокии кирдор ва на шахсияти содирнамудаи кирдорро тавсиф намедиҳанд, аммо ба ҳар ҳол ба ҷазои таъиннамудаи суд аз ақидаи инсондўстӣ таъсир мерасонанд. Аз рўи парвандаҳои мавриди омўзиш қароргирифта ҳаҷми маълумот чунин аст: 12% аз ҳолатҳои сабуккунанда, ки судҳо ба инобат гирифтаанд- ин вазъи бадӣ саломатӣ, маъюбӣ, ақибмонии ақлии маҳкумшуда; 13,8% — дар таъминоти гунаҳгор қарор доштани фарзандони хурдсол; 5,4% — оқибатҳои махсусан вазнин барои оила, ки дар ҳолати маҳрум кардан аз озодии шахс фаро мерасанд; 40% — тавсифномаи мусбии ҷамъиятӣ, маишӣ, истеҳсолии шахсияти маҳкумшуда. Ҳамагӣ ҳиссаи маълумоти шахсияте, ки ба инобат гирифта шудааст, зиёда аз 71,2%-ро ташкил медиҳад.
Ба шумораи ҳолатҳои дигаре, ки судҳо аз рўи ақидаҳои зикргардида ба инобат мегиранд, амалия фаъолияти пештараи фоиданоки ҷамъиятии судшаванда, саҳми ҷамъиятии ўро, бо мукофотҳои давлатӣ, инъомҳои дигар сарфароз гардидааст ва ғ.) мансуб медонад.
Мутобиқи талаботи б.6-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» аз 24 феврали соли 2005, №1 (бо тағйиротҳое, ки бо қарори Пленум аз 30 июни соли 2011, №3 ворид карда шудаанд), мутобиқи талаботи қонун судҳо бояд ҳолатҳоеро, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунанд, ошкор намуда, ҳангоми ба гунаҳгор таъин намудани ҷазо онҳоро ба инобат гиранд ва дар ҳукм дарҷ намоянд [1, с.58].
Омўзиши таҷрибаи судӣ собит сохт, ки судяҳо дар баъзе маврид ҳангоми таъини ҷазо ҳолатҳои сабуккунандаи кирдори содирнамудаи шахсро дуруст баҳои ҳуқуқӣ надода, ҷазои вазнинтаро таъин менамоянд, ки дар натиҷа он боиси тағйирёбии ҳукми суд ва сабуктар гардидани ҷазо мегардад.
Масалан, Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди ш.Душанбе ҳукми суди н.Синои ш.Душанберо нисбати «Ш» бо б.«а»-и қ.4-и м.139-и КҶ ҶТ тағйир ва ҷазоро кам намуда, қарори худро бо он асоснок намудааст, ки суд воқеан чунин ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо ба мисли, (бори аввал содир намудани ҷиноят, ба гуноҳаш иқрор будан, пушаймонӣ изҳор намудан, ҷавонӣ, хислатномаи мусбӣ доштан ва даъво надоштани ҷабрдида нисбаташ)-ро мадди назар кардааст [2].
Ҳамчунин, дар таҷрибаи судӣ ҳолатҳоеро вохўрдан мумкин аст, судяҳо ҳангоми таъини ҷазо ҳолатҳои вазнинкунандаи шахсияти судшаванда аз қабили, қаблан суд шудан, доштани доғи судии бардоштанашуда ва ё барҳамнахурдаро мадди назар намуда, нисбати судшавандагон ҷазои сабуктар таъин менамоянд, ки боиси бекор гардидани санади судӣ мегардад.
Масалан, дар асоси ҳукми суди н.И.Сомонии ш.Душанбе шаҳрванд «Ф» барои содир намудани ҷиноят дар ҳолати ретсидив бо б.«а»-и қ.2.-и м.237-и КҶ ҶТ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 солу 6 моҳ маҳкум гаштааст. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди ш.Душанбе аз рўи парвандаи мазкур ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазоро ба мисли гуноҳи худро эътироф кардан, сидқан пушаймон шудан, барои ошкор намудани ҷиноят фаъолона мусоидат намудан, даъво надоштани ҷабрдидагон нисбаташ ва хислатномаи мусбӣ доштан муқаррар намуда, ҳамзамон ягон гуна ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазоро дар кирдори «Ф» гўё надидааст, ҳол он ки дар ҳукми суд бевосита ишора гаштааст, ки маҳкумшуда «Ф» қаблан санаи 6 феврали соли 2015 бо б.«а»-и қ.3-и м.237-и КҶ ҶТ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол маҳкум карда шуда, доғи судиаш барҳам ва ё бардошта нашуда, боз ҷинояти мазкурро дар ҳолати ретсидив содир намудааст. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди ш. Душанбе ин воқеиятҳоро, ки маҳкумшударо аз тарафи манфӣ тавсиф медиҳанд, инкор накарда, қонунӣ будан ва ба инобат гирифтани онҳоро дар ҳукм зери шубҳа қарор надода, диққати худро ба он ҷалб кардааст, гўё гарчанде суди марҳилаи якум ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазои «Ф»-ро дар ҳукм нишон дода, аммо боз нисбаташ ҷазои вазнин таъин кардааст, ҳол он ки нисбати «Ф» асосҳо барои татбиқ намудани ҷазои сабуктар бо м.63-и КҶ ҶТ мавҷуд буданд. Аз ин хотир, суди зинаи кассатсионӣ ҳукми мазкурро тағйир дода, нисбати «Ф» ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи 1200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 69600 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин намудааст[3].
Ҳолонки дар б.26-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ» аз 23 июни соли 2010, №12 бевосита пешбинӣ шудааст, ки судҳои марҳилаи кассатсионӣ набояд ба беасос сабук кардани ҷазо нисбати шахсоне, ки қаблан суд шуда, ба кори ба ҷамъият фоидаовар машғул нашуда, боз ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд, инчунин ба бетағйир монондани ҳукм нисбати маҳкумоне, ки ба маҳруми аз озодӣ маҳкум карда шудаанд, ҷинояти содирнамудаашон ба ҷамъият хавфнокии баланд надорад ва бе ҷудо кардан аз ҷамъият метавонанд ислоҳ шаванд, роҳ диҳанд[4, с.124].
Бо дарназардошти гуфтаҳои боло, ба ақидаи мо, дар асл бештари ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунанда дараҷаи муайяни хавфи ҷиноят ва шахси содирнамудаи онро тавсиф медиҳад, аммо баъзеҳо «то андозае бевосита буда бо ҷинояти содиршуда алоқамандие надоранд ва дараҷаи хавфнокии ҷиноят ва гунаҳгорро тавсиф намедиҳанд, аммо бояд тибқи талаботи принсипи инсондўстӣ, инчунин мақсаду ҳадафҳои ҷазо ба инобат гирифта шаванд».
Ҳамин тариқ, хусусиятҳои муҳими зерини ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда ифода меёбанд:
Якум, онҳо моҳияти маълумот дар бораи кирдори содиршуда ва шахсият, ки ба шумораи аломатҳои таркиби ҷиноят дохил намешаванд (асосӣ, банбубаст кардашуда ё афзалиятнок) мебошанд, аммо хусусиятҳои мушаххаси кирдор ва содирнамудаи кирдорро ифода намедиҳанд.
Дувум, онҳо барои ҳамин лиҳоз ба ҷазо таъсир мерасонанд, ки бо онҳо чун қоида баландшавӣ ё пастшавии дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии кирдори содиршуда, ки шахсияти гунаҳгорро тавсиф медиҳанд, алоқамандӣ доранд.
Дар ин маврид нуктаи «номгўи қонунгузории рўйхати ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда аз нав дида баромада шавад, зеро онҳо ҳолатҳои балландкунанда ва пасткунандаи хавфнокии ҷамъиятии шахсияти гунаҳгор ва кирдори содирнамудаи ў мебошанд» муҳим арзёбӣ мегардад.
Сеюм, дар байни ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда ҳолатҳое ҷой доранд, ки:
- дар ҷиноят зоҳир гардидаанд;
- зоҳир нагардидаанд, аммо бо он алоқаманд мебошанд;
- бо кирдори содиргардида алоқаманд намебошанд, аммо дараҷаи хавфнокии шахсиятро тавсиф медиҳанд;
- ба дараҷаи хавфнокии шахсият таъсир намерасонанд, аммо ба ҳар ҳол охиринро тавсиф медиҳанд.
Ду намуди аввал, инчунин чорум бо вуҷуди нопурра будан дар рўйхати м.м. 61 ва 62-и КҶ ҶТ номбар карда шудаанд, яъне аз тарафи қонун ба сифати ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда эътироф карда шудаанд. Намуди сеюми ҳолатҳо бошад, ҳоло наметавонад ҳамчун аломати вазнинкунанда хизмат намояд, аммо суд ҳуқуқ дорад онҳоро ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо эътироф намояд; ба ҳар ҳол қонун дар ин қисм манъкуниро пешбинӣ накардааст, амалия бошад онҳоро ба тариқи васеъ ба инобат мегирад. Қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар КҶ амалкунандаи таҳрири соли 1998 дар байни ҳолатҳои сабуккунанда нахустин ҳолати намуди чорум – кўдакони хурдсол доштани гунаҳгор пайдо шуд. Қаблан ин ҳолат аз тарафи амалия ҳангоми таъини ҷазо дар асоси м.37-и КҶ ҶШС Тоҷикистон,таҳрири соли 1961 пешбинишуда дар бораи ба суд додани ҳуқуқи эътироф кардани ҳолатҳои дигар низ ҳамчун ҳолатҳои сабуккунандаи ҷавобгарӣ, васеъ истифода бурда мешуд[5, с.42].
Аммо маънои ба ҳуқуқи ҷиноятӣ ҷорӣ кардани ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда на дар инъикос додани алоқамандии он бо кирдори содиргардида, гуноҳ, хавфи ҷамъяитии кирдори содиршуда ва шахсият ва ғ., балки дар кўшиши қонунгузор ба қадри имкон аниқ кардани ҷараёни фардикунонии ҷавобгарӣ ва ҷазо, таъмини муқарраркунии боэътимоди фаъолияти татбиқи ҳуқуқ дар қисмати муайян кардани шакли ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҳаҷми он, мебошад.
Тавре дар боло гуфта гузаштем, рўйхати ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо дар м.м. 61 ва 62-и КҶ ҶТ қайд карда шудаанд. Онҳо то дараҷае васеъ мебошанд, аммо таҳлили умумии ҳолатҳои мазкур аз доираи таҳқиқоти кори илмии мо берун аст. Ба ҳар ҳол мавриди таҳқиқоти қоидаҳои таъини ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо мо ба ин ё он ҳолате, ки ба сифати меъёри фардикунонии ҷазо баромад мекунанд бозпас хоҳем гашт.
Агар мазмуни ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо дар фаҳмиши худ мушкилотҳоро ба миён наоварад, он гоҳ қоидаҳои ба инобат гирифтани чунин ҳолатҳо дар қонун бениҳоят кам коркард карда шудаанд. Бо дарназардошти гуфтаҳои боло таклиф менамоем, ки қоидаҳои муайн оид ба таъини ҷазо ҳангоми дар парванда мавҷуд будани ҳолатҳои сабуккунанда ва (ё) вазнинкунандаи ҷазо, инчунин ҳангоми вуҷуд надоштани онҳо зарур мебошанд.
Аз таҳлили қ.3-и м.60-и КҶ ҶТ метавон ба хулосаи зайл омад: ба инобат гирифтани ҳолатҳои сабуккунанда ё вазнинкунандаи ҷазо на ҳуқуқи суд, балки вазифаи он мебошад. Рўйхати ҳолатҳои вазнинкунандаи ҷазо бояд боқӣ монад, зеро он ба ҳар ҳол ҳуқуқи судро ҳангоми баровардани ҳукм оид ба инобат гирифтани маълумот дар бораи шахсияти судшаванда, ки ўро аз тарафи манфӣ тавсиф медиҳад, истисно намекунад.
Ҷараёни таъини ҷазо бояд дар асоси алгоритми зерин амалӣ гардад: аввалан, суд ҳамон намуди ҷазоро, ки бештар бо дарназардошти хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят ва гунаҳгор мувофиқат мекунад, таъин менамояд. Ҳамзамон, суд бояд бо дарназардошти «зинаи ҷазоҳо»-и дар м.47-и КҶ ҶТ пешбинишуда дар ҳукм асоснок намояд, ки дар асоси кадом сабабҳо суд нисбати гунаҳгор татбиқ намуди ҷазои нисбатан сабуктарро муносиб меҳисобад. Дувум, суд «чораи ибтидоии ҷазоро» (ҳисоби миёнаи арифметикӣ байни ҳадди баландтарин ва пастарини санксияи моддаи Қисми махсуси КҶ) барои ҷинояти муайян муқаррар месозад, пас аз ин бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи дорои аҳамияти ҳуқуқӣ, ки дар парванда мавҷуданд, чораи аниқи ҷазоро нисбати шахси гунаҳгор дар доираи санксияи меъёри ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ таъин менамояд. Ҳамин тариқ, «чораи ибтидоии ҷазо» бо роҳи ба ду тақсим кардани ҳосили ҷамъи аҳамиятҳои андозаҳои баланд ва пасти ҷазои мазкур муайян карда мешавад. Агар дар санксияи Қисми махсуси КҶ андозаи пасти ҷазо пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ андозаи пастарини он барои ҷинояти мазкур тибқи муқаррароти Қисми умумии КҶ, ки муҳлати камтарини эҳтимолӣ ё андозаи аниқи ҷазоро дар бар мегирад, муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми дар парванда мавҷуд будани танҳо ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо муҳлати ниҳоӣ ё андозаи ҷазои таъиншаванда бояд гўё ки аз «чораи ибтидоии ҷазо» ба ҳудуди пастарини он «ҳаракат намояд». Ҳамзамон, муҳлат ё андозаи ҷазои таъиншаванда дар ҳолати мазкур тибқи қоидаи умумӣ набояд аз «чораи ибтидоии ҷазо» зиёд бошад. Ба ақидаи мо, суд танҳо дар як ҳолат метавонад аз доираи қоидаи мазкур берун барояд ва ҷазоро аз «чораи ибтидоии ҷазо» баландтар таъин намояд – агар дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят махсус баланд бошад (масалан, ҷиноят бо тарзи махсусан хавфнок содир карда шудааст, андозаи калони зарар ё вазнинии махсуси оқибатҳои фарорасида баръало аён мебошанд).
Дар сурати дар парванда мавҷуд будани танҳо ҳолатҳои вазнинкунада, муҳлати ниҳоӣ ё андозаи ҷазои таъиншаванда бояд аз «чораи ибтидоии ҷазо» ба самти худуди баландтарини он «ҳаракат намояд». Ҳамзамон, муҳлат ё андозаи ҷазои таъиншаванда дар ҳолати мазкур набояд аз «чораи ибтидоии ҷазо» камтар бошад.
Ҳангоми мавҷуд будани шумораи баробари ҳолатҳои вазнинкунанда ва сабуккунандаи ҷазо, муҳлат ё андозаи ҷазои таъиншаванда бояд ба «чораи ибтидоии ҷазо» мувофиқат намояд.
Ҳамин тариқ, хусусият ва дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷиноят, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо мафҳумҳое мебошанд, ки байни худ зич пайванданд ва ин пайвастро мо дар он мебинем, ки ҳолатҳои сабукунанда ва вазнинкунанда бо якдигар алоқамандӣ дошта, онҳо ҳаракатҳое мебошанд, ки ба ҷиноят ва шахсияти гунаҳгор (ё танҳо ба шахсият) тааллуқ доранд. Ва дар ин ҷода онҳо қисми бутунро ташкил медиҳанд.
Боби мазкурро ҷамъбаст намуда, бояд қайд кард, ки принсипи фардикунонии ҷазо дар асосҳои умумии таъини ҷазо (м.60-и КҶ ҶТ) ифодаи худро ёфтааст. Аммо дар он танҳо қоидаҳои умумии аз тарафи суд муқаррар кардани ҷазоро баён мекунад ва аз ин лиҳоз тамоми он қисматҳоро, ҳолатҳои эҳтимолие, ки бояд аз тарафи суд баҳо дода шаванд, дар бар намегирад. Агар бо тарзи дигар гуем, моддаи мазкур тартиби интихоби чораи таъсири ҳуқуқӣ-ҷиноятиро дар худи шакли умумӣ бо дарназардошти ҳолатҳои маъмулие, ки бештар ба чашм мерасанд, яъне таъини ҷазо барои аз тарафи иҷрокунанда содир намуда ва хотима додани ҷинояти ягонаро (ниҳоӣ) ба танзим медарорад. Воқеан, суиқасд, ки бо сершуморагии онҳо алоқаманд аст ё ин ки аз ҳолатҳои аз иродаи гунаҳгор новобаста дар марҳилаи тайёрӣ ё суиқасд кандашуда, ё ин ки бо иштироки як қатор шахсон содир гардидааст, ҷой дорад.
Ҳолатҳои мазкур дар қисмати интихоби ҷазо бо м.м. 64-67-и КҶ ҶТ ба танзим дароварда мешаванд. Аммо мавҷудияти муқаррароти махсуси ҳуқуқӣ-ҷиноятии мазкур маънои суст кардани ҳаракатро дар ҳолатҳои ба танзим даровардашудаи муқаррароти м.60-и КҶ ҶТ надорад. Бинобар ин, изҳорот дар хусуси эҳтимолии рақобати моддаи мазкур бо меъёрҳои махсус, аз ҷумла дар ҳолати интихоби ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо, маҳз хато мебошад[6]. Асосҳои умумии таъини ҷазо муқаррароти худро ба ҳолатҳои зикргардида низ паҳн мекунад. Хусусияти асосӣ аз он иборат аст, ки якҷоя бо онҳо бояд меъёрҳои махсус, ки бо самтҳои муайян асосҳои умумиро (нисбат ба парвандаҳо дар бораи шарикӣ, фаъолияти ҷиноятии хотиманаёфта, сершуморагии ҷиноят ва ғ.) аниқ мекунанд ва рушд мебахшанд, бояд татбиқ карда шаванд. Бинобар ин, ақида дар бораи он ки «фардикунонии ҷазо баробар ба ҳолатҳои таъини ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо паҳн мегардад, аз он ҷумла барои ҳар як кирдоре, ки ба маҷмўи ҷиноятҳо дохил мешавад, қобили қабул намебошад. Дигаршавии принсипҳои дар бар гирифтан, қисман ва пурра зам кардан низ шаклҳои ифода намудани фардикунонии ҷазо ба шумор мераванд.
Тибқи муқаррароти б.14-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳукми судӣ» аз 24 декабри соли 2010, №33 (бо тағйиротҳое, ки ба қарори Пленум аз 14 июни соли 2018, №32 ворид гардидаанд, суд, судя набояд ба воқеияти ба гунаҳгор таъин намудани ҷазое, ки бо андозаи худ чӣ аз ҷиҳати сабукӣ ва чӣ аз ҷиҳати вазниниаш баръало беадолатона мебошанд, роҳ диҳанд.
Аз ин рӯ, дар ҳукм қайд намудан зарур аст, ки кадом ҳолатҳо ба дараҷа ва хусусияти ҷавобгарии судшаванда таъсир расондаанд, инчунин дигар ҳолатҳое, ки шахсияти ӯро муайян менамоянд ва дар рафти баррасии парвандаи ҷиноятӣ мутобиқи моддаи 85-и КМҶ исбот гардида, аз тарафи суд, судя мавриди таъини ҷазо ба инобат гирифта шудаанд, нишон дода шаванд[7, с.141].
Аз ин лиҳоз, ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки агарчанде асосҳои умумии таъини ҷазо, ки дар м.60-и КҶ ҶТ муайян карда шудаанд, барои дуруст интихоб намудани ҷазо дастур диҳанд, аммо онҳо ба қадри кофӣ дар меъёрҳои махсус оид ба таъини ҷазо муайян карда нашудаанд. Алалхусус, қоидаҳои ба назари эътибор гирифтани ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунандаи ҷазо ба такмил ниёз доранд. Таъини ҷазои дуруст ва фардикунонии он, ки маҳз қонун онро талаб менамояд, бе баҳо додани ҳолатҳои ҳамаҷонибаи парванда бо дарназардошти ҳолатҳои сабуккунанда ва вазнинкунанда ғайриимкон мебошад.
Адабиёт:
1.Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани асосҳои умумии таъини ҷазо» аз 24 феврали соли 2005, №1 (бо тағйиротҳое, ки бо қарори Пленум аз 30.06.2011,№3 ворид карда шудаанд) [Матн] // Маҷмўаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2019). – Душанбе: Нашриёти “Контраст”, 2019. – 450 с.
2.Бойгонии суди н.Синои ш.Душанбе барои соли 2019 // Парвандаи ҷиноятии №1–50/2019.
3.Бойгонии суди н.И.Сомонии ш.Душанбе барои соли 2020 // Парвандаи ҷиноятии №1– 87/2020.
4.Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятӣ» аз 23 июни соли 2010, №12 [Матн] // Маҷмўаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2019). – Душанбе: Нашриёти “Контраст”, 2019. – 450 с.
- Кодекси ҷиноятии ҶШС Тоҷикистон (соли 1935) [Матн]. – Сталинабад, 1952 – 81 с.
- Зелинский А. Повторное совершение преступления как обстоятельство, отягчающее ответственность //Сов.юстиция. – 1972. – №5. – С. 7.; Горелик А.С. Назначение наказания по совокупности. – Красноярск, 1975.– С.14–15; Новоселов Г.П. Критерии определения судом меры уголовного наказания: дис. … канд. юрид. наук. – Свердловск, 1981.– C. 163.
- Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳукми судӣ» аз 24 декабри соли 2010, №33 (бо тағйиротҳое, ки ба қарори Пленум аз 14 июни соли 2018, №32 ворид гардидаанд.[Матн] // Маҷмўаи Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2002-2019). – Душанбе: Нашриёти “Контраст”, 2019. – 450 с.
РОЛЬ СМЯГЧАЮЩИХ И ОТЯГЧАЮЩИХ ОБСТОЯТЕЛЬСТВ В РЯДЕ КРИТИЕРИЕВ НАЗНАЧЕНИЯ НАКАЗАНИЯ В СООТВЕТСТВИИ С УГОЛОВНЫМ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВОМ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН
АБДУЛЛОЗОДА ДЖАМОЛИДДИН АБДУЛЛО
Соискатель кафедры уголовного права и противодействия с коррупцией юридического факультета Таджикского национального университета, председатель суда Яванского района Хатлонской области,
734025, Таджикистан, г.Душанбе, проспект Рудаки 17.
Тел: +933 24 36 36; E- mail:Abdullozoda1985@gmail.com
Данная статья посвящена теме роли смягчающих и отягчающих обстоятельств в ряде критериев назначения наказания в соответствии с уголовным законодательством Республики Таджикистан, в частности, проблемам законодательства и судебной практики в этой сфере. Актуальность данной темы проявляется в том, что индивидуализация личности виновного является одной из самых сложных проблем, а в других случаях имеет важное теоретическое ,уголовно-правовое и криминологическое значение. Независимо от того, сколько научных работ было посвящено его исследованию, но до сих пор оно не утратило своего актуального значения. Данное обстоятельство оправдано тем, что личность виновного имеет важное значение для индивидуализации судом уголовной ответственности и наказания, и это положение отражает его непосредственное воплощение в юридическом определении принципа справедливости (ч.1 ст.8 УК Республики Таджикистан) и общие начала назначения наказания (ч.3 ст.60 УК Республики Таджикистан). В статье излагаются следующие практические трудности, такие как: судьи при назначении наказания в некоторых случаях не наделены надлежащими правовыми показателями в случаях смягчения совершенных лиц деяний и назначаются более тяжкие наказания, чем более легкие наказания, что в результате приводит к изменению приговора и смягчению наказания вышестоящими судами. Также можно повстречать случаи, когда судьями при назначении наказания при отягчающих обстоятельствах личности подсудимого, таких как, не снятой судимости или не погашенной судимости, назначаются более легкие наказания в отношении подсудимых, что также приводит к аннулированию судебного акта.
Ключевые слова: личность виновного, смягчающие обстоятельства, отягчающие обстоятельства, признание, выбор и назначение наказания.
THE ROLE OF MITIGATING AND AGGRAVATING CIRCUMSTANCES IN A NUMBER OF SENTENCING CRITERIA IN ACCORDANCE WITH THE CRIMINAL LEGISLATION OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN
ABDULLOZODA JAMOLIDDIN ABDULLO
Applicant of Criminal Law and Anti-Corruption Department of the Law Faculty of the Tajik National University, Chairman of the Yovon district Court of Khatlon region,
734025, Tajikistan, Dushanbe, 17, Rudaki Ave.,
Phone: +933 24 36 36; E-mail:Abdullozoda1985@gmail.com
This article is devoted to the role of mitigating and aggravating circumstances in a number of criteria for sentencing in accordance with the criminal legislation of the Republic of Tajikistan, in particular, the problems of legislation and judicial practice in this area. The relevance of this topic is manifested in the fact that the individualization of the identity of the perpetrator is one of the most difficult problems, and in other cases it has important theoretical, criminal law and criminological significance. No matter how many scientific papers have been devoted to his research, but so far it has not lost its relevance. This circumstance is justified by the fact that the identity of the perpetrator is important for the individualization of criminal responsibility and punishment by the court, and this provision reflects its direct embodiment in the legal definition of the principle of justice (Part 1 of Article 8 of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan) and the general principles of sentencing (Part 3 of Article 60 of the Criminal Code of the Republic of Tajikistan). The article outlines the following practical difficulties, such as: judges in sentencing in some cases are not endowed with appropriate legal indicators in cases of mitigation of acts committed by persons and more severe punishments are imposed than lighter punishments, which as a result leads to a change in the sentence and mitigation of punishment by higher courts. It is also possible to meet cases when judges, when imposing punishment under aggravating circumstances of the defendants personality, such as a criminal record that has not been removed or a criminal record that has not been extinguished, impose lighter punishments against the defendants, which also leads to the annulment of the judicial act.
Keywords: the identity of the perpetrator, mitigating circumstances, aggravating circumstances, confession, choice and imposition of punishment.
Бознашр аз Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. №2. 2022 апрел-июн. с.58-74.