Саршавии муҳлати адои ҷазо ва интихоби намуди муассисаи ислоҳӣ ҳангоми таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо (мушкилоти қонунгузорӣ ва амалияи судӣ)

АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛО,

унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17.

 Е-mail: Abdullozoda1985@gmail.com

 Саршавии муҳлати адои ҷазо ва интихоби намуди муассисаи ислоҳӣ ҳангоми таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо

(мушкилоти қонунгузорӣ ва амалияи судӣ)

 Калидвожаҳо:ҷазо; оғози муҳлати ҷазо; адои ҷазо; ҷиноят; қонунгузории ҷиноятӣ; маҳрум сохтан аз озодӣ; муассисаҳои ислоҳӣ.

Ключевые слова: наказание; начало срока наказания; отбывание наказания; преступление; уголовное законодательство; лишение свободы; исправительные учреждения.

Keywords: punishment; the beginning og the sentence; serving a sentence; a crime; criminal legistation; deprivation of liberty; correctional facililities.

Масъалаи муайян намудани муҳлати саршавии адои ҷазо ва интихби дурусти намуди муассисаи ислоҳӣ-яке аз масъалаҳои муҳими ҳуқуқи ҷиноятӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад, зеро он дар меҳвари таваҷҷуҳи бевоситаи кормандони соҳа ва дигар олимон низ қарор дорад.

Дар қ.5-и м.58-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита пешбинӣ шудааст, ки ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ дар ҳолати содир намудани як ҷиноят (бидуни маҷмӯи ҷиноятҳо) дар ҷойҳои зерин таъин мешавад:

-барои шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намуда ва ба муҳлати на зиёдтар аз панҷ сол бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд — дар колонияҳои ислоҳи сукунат;

-барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои начандон вазнин, дараҷаи миёна, инчунин шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят аз беэҳтиётӣ ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати зиёда аз панҷ сол маҳкум шудаанд — дар колонияҳои  ислоҳии дорои низоми умумӣ;

-барои шахсоне, ки бори аввал бо маҳрум сохтан аз озодӣ барои қасдан содир намудани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд — дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми пурзўр;

-барои шахсоне, ки бори аввал ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва инчунин ҳангоми ретсидиви ҷиноят, агар маҳкумшуда ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо карда истода бошад ё қаблан ин намуди ҷазоро адо карда бошад — дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт;

-дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок, инчунин барои маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин шудааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст — дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус;

— ба шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан вазнин ба муҳлати зиёда аз даҳ сол маҳкум шудаанд, инчунин дар ҳолатҳои ретсидиви махсусан хавфнок мумкин аст дар маҳбас адо кардани қисми муҳлати ҷазо таъин шавад, вале на зиёдтар аз панҷ сол.

 Мувофиқи қ.6-и м.58 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад ба занони ба маҳрум сохтан аз озоди маҳкумшуда адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низоми зерин таъин карда мешавад:

— дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок — дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми сахт;

-барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содир намуда — дар колонияҳои ислоҳии сукунат;

-дигар заноне, ки ба маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд — дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ.

 Вобаста ба хусусияту дараҷаи хавфнокии ҷамъиятии ҷинояти содиршуда, шахсияти гунаҳгор ва ҳолатҳои дигар суд метавонад бо зикри далелҳои қабули қарор низоми сабуктари адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намояд.[1]

Аммо дар қонунгузории ҷиноятӣ масъалаҳо ҷиҳати он ки кай ҳангоми маҷмўи ҷиноятҳо намуди муассисаи ислоҳӣ мавриди таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати муайян бояд қайд карда шавад, қарор дар бораи шартан татбиқ накардани ҷазо ва мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занҳои ҳомиладор ва занҳое, ки кўдакони то синни ҳаштсола доранд, қабул мегардад, инчунин чӣ тавр маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати муайян таъин карда мешавад, агар содир намудани ҷинояте, ки ба маҷмўъ дохил мешавад, ба таъини муассисаҳои ислоҳии гуногун оварда мерасонад, ҳаллу фасли худро наёфтааст.  Амалия роҳи худро аз ин муқаррарот, бо дарназардошти мантиқи танзими ҳуқуқӣ-ҷиноятӣ, ки қабули қарори ягонаро бо алоқамандӣ бо гурўҳҳои ҷиноятҳо ва ҷазоҳои муайян пешбинӣ менамояд, бо истифода аз Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ёфтааст.

  Дар б.17-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2010, №33 «Дар бораи ҳукми судӣ» (бо тағйиру иловаҳо аз 14 июни соли 2018, №32) бевосита пешбинӣ шудааст, ки тартиби адо намудани ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ (дар маҳбас ё дар муассисаи ислоҳии дорои низоми муайян) ҳангоми таъини ҷазо бо маҷмўи ҷиноятҳо танҳо пас аз ҷазои ниҳоӣ муайян карда мешавад.[2] Ҳамзамон, намуди муассисаи ислоҳӣ бояд бо дарназардошти ҷинояти вазнинтарине, ки ба маҷмўъ дохил мешавад, таъин карда шавад.

Новобаста ба ин дар б.б. 3 ва 4-и Қарори Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 июни соли 2014, №2 «Дар бораи таҷрибаи аз ҷониби судҳо татбиқ намудани қонунгузорӣ марбут ба таъини намуди муассисаҳои ислоҳӣ нисбати шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумгардида» ба тарзи дигар дарҷ карда шудааст, ки судҳо бояд дар назар дошта бошанд, ки ҳангоми таъини ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ барои маҷмўи ҷиноятҳо ё аз рўи маҷмўи ҳукмҳо, намуди муассисаи ислоҳӣ пас аз таъини ҷазои ниҳоӣ муайян карда мешавад. Агар шахс барои маҷмўи ҷиноятҳо маҳкум гардида, яке аз онҳо қасдона, дигараш аз беэҳтиётӣ содир шуда бошад, дар баробари ин ҷинояти қасдона ба гурўҳи ҷиноятҳои начандон вазнин ё дараҷаи миёна мансуб ва шахс қаблан ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро адо накарда бошад, адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ мутобиқи б.«б»-и қ.3-и м.58-и КҶ дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми умумӣ таъин карда мешавад.[3]

Ҳамчунин,  агар суд ба хулоса дар бораи шартан маҳкум намудани шахси ду ё зиёда аз он ҷиноят содирнамуда ояд,  он гоҳ чунин қарор на барои ҳар як ҷиноят, балки ҳангоми таъини ҷазои ниҳоӣ аз рўи маҷмўи  ҷиноятҳо бояд қабул карда шавад. Айнан ҳамин тарз ҳангоми муайян кардани мавқуф гузоштани адои ҷазо нисбати занҳои ҳомиладор ва занҳое, ки  фарзандони  хурдсоли то 8 сола доранд, амалӣ карда мешавад.

Дар сурати муайян намудани низоми адои ҷазо барои ҳар як моддаи ба маҷмўъ дохилшаванда ва дар як маврид боз нишон додани он ҳангоми ҷазои ниҳоӣ, он боиси тағйир ёфтани ҳукм мегардад, ки дар таҷрибаи судӣ чунин камбудиҳо кам нестанд.

Масалан, Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукми суди ш.Турсунзода нисбати маҳкумшуда «Ш»-ро бо б. «а,б,в,г» қ. 2. м.244; б. «а» қ.3 м.244; қ.3 м.32- б. «а,г» қ.2. м.244-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир додааст, зеро суди марҳилаи якум аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо ҳар як моддаи ба маҷмўъ дохилшаванда ва ҳангоми ҷазои ниҳоӣ низ низоми адои ҷазоро муайян намудааст. Ҳол он ки низоми адои ҷазо аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ва маҷмўи ҳукмҳо ҳангоми таъини ҷазои ниҳоӣ бояд муқаррар карда шавад.[4]

Мувофиқ ба б.15-и Қарори Пленуми мазкур саршавии муҳлати адои ҷазо ҳангоми таъини ҷазои ниҳоӣ барои маҷмўи ҷиноятҳо бо қ.6-и м.67 ва маҷмўи ҳукмҳо м.68-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъинкардашуда, аз рўзи баровардани ҳукми охирин бо ба ҳисоб гирифтани давраи то суд бо парвандаи охирон ба тариқи чораи пешгирӣ ё дастгиркунӣ нигоҳ доштан, бояд ба ҳисоб гирифта шавад.[5]

Дар сурати аз ҷониби суд нодуруст нишон дода шудани оғози муҳлати ҷазои ниҳоӣ, ки аз рўи қ.6-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шудааст, он албатта аз ҷониби суди зинаи болоӣ боиси тағйир ёфтани санади судӣ мегардад.

Дар таҷриба кам нестанд ҳолатҳое, ки суди зинаи якум ҳангоми таъини ҷазои ниҳоӣ барои маҷмўи ҷиноятҳо аз рўи қ.6-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон саршавии муҳлати адои ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ на рўзи бароварда шудани ҳукми охирон, балки аз рўзи бароварда шудани ҳукми аввала, аз рўзи дастгир кардан ва ё аз рўзи интихоб намудани чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ ба ҳисоб мегиранд.

Чунончи, Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди ш.Душанбе ҳукми суди н.Синои ш.Душанберо нисбати маҳкумшуда «М» бо қ.1-и м.237-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он тағйир додааст, ки суди марҳилаи якум нисбати маҳкумшуда аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо татбиқи қ.қ. 3 ва 6-и м. 67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намуда, оғози муҳлати ҷазоро на аз рўзи баровардани ҳукми охирин, балки аз рўзи дастгир шудани маҳкумшуда ба ҳисоб гирифтааст.[6]

Саршавии муҳлати адои ҷазо ва интихоби намуди муассисаи ислоҳӣ ҳангоми таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо

(мушкилоти қонунгузорӣ ва амалияи судӣ)

  Аннотатсия: Дар мақолаи мазкур муаллиф муҳлати адои ҷазои ҷиноятӣ ва интихоби муассисаи ислоҳиро ҳангоми таъини ҷазо барои маҷмӯи ҷиноятҳо таҳлил намуда, бо истифода аз таҷрибаи қонунгузорӣ ва судӣ ҳолатҳои нодуруст татбиқ намудани ҷазои ҷиноятиро барои маҷмӯи ҷиноятҳо ва лаҳзаи оғоз намудани муҳлати адои ҷазо аз ҷониби судҳои зинаи поёнӣ нишон додааст.

Начало срока отбывания наказания и выбор вида исправительного учреждения при назначении наказания по совокупности преступления

(прблемы законадательство и судебной практики)

Аннотация: В данной статье автор анализирует начало срока лишения свободы и выбор исправительного учреждения при назначение наказания по совокупности преступления, а также используя опыт законодательной и судебной практики по неправомерному применению уголовных наказаний по совокупности наказнаия и совокупности приговоров.

The beginning of the term of serving a sentence and the choice of the type of correctional institution when sentence for a combination of crimes

(problems of legistation and judical practice)

Annotation: In this article, The author analyzes the beginning of the term of impisonment and the choice of a correctional institution when sentencing for a combination of crimes, аs well as using the experience of the legislative and judical authorities in the unlawful application of criminal penalties for a combination of sentence and punishments

АДАБИЁТ:

[1] Кодекси љиноятии Љумҳурии Тољикистон [Захираи электронї] // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Љумҳурии Тољикистон/ Манбаи дастрасї: URL: http: //mmk.tj (санаи мурољиат: 09.12.2021).

[2] Маљмўи Ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон (солњои 2002-2019).– Душанбе, 2019.– С. 142.

3 Маљмўи Ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон (солњои 2002-2019). – Душанбе, 2019.– С. 46.

[4] Бойгонии суди шањри Турсунзода барои соли 2016 // Парвандаи љиноятии №1-105/2016.

[5] Маљмўи Ќарорњои Пленуми Суди Олии Љумњурии Тољикистон (солњои 2002-2019).– Душанбе, 2019. – С. 27.

[6] Бойгонии суди ноњияи Синои шањри Душанбе барои соли 2019 // Парвандаи љиноятии №1–525/2019.

Бознашр аз маҷаллаи илмии Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ». №1, 2022 январ-март