Ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан: таъин ва иҷрои он ҳангоми маҷмӯи ҷиноятҳо мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (мушкилотҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ)

ҶАЗОИ ЯКУМРА АЗ ОЗОДӢ МАҲРУМ СОХТАН: ТАЪИН ВА ИҶРОИ ОН ҲАНГОМИ МАҶМӮИ ҶИНОЯТҲО МУТОБИҚИ ҚОНУНГУЗОРИИ ҶИНОЯТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

(мушкилотҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ)

 АБДУЛЛОЗОДА ҶАМОЛИДДИН АБДУЛЛО,

унвонҷӯи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи

 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,

раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон

734025, Тоҷикистон, ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17.

 Е-mail: Abdullozoda1985@gmail.com

 Мақолаи мазкур ба мавзўи ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан: таъин ва иҷрои он ҳангоми маҷмӯи ҷиноятҳо мутобиқи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, ба мушкилотҳои қонунгузорӣ ва таҷрибаи судӣ дар ин соҳа бахшида шудааст. Муҳимияти мавзӯи мазкур бо он зоҳир мегардад, ки якумра аз озодӣ маҳрум сохтан барои содир гардидани ҷиноятҳои махсусан вазнин таъин мегардад, аз ин лиҳоз он яке аз институтҳои муҳими ҳуқуқи ҷиноятӣ ба ҳисоб меравад. Дар мақола мушкилотҳои зерин аз қабили: бемуҳлат будани ҷазои мазкур; ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл будани яҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан; принсипи гендерӣ доштани таъини ҷазои мазкур ва бо тартиби шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод нагардидани шахсе, ки нисбаташ ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда шудааст, муҳокима карда шудааст. Иловатан аз ҷониби муаллиф барои ҳал намудани мушкилоти вуҷуддошта дар институти ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан: таъин ва иҷрои он ҳангоми маҷмӯи ҷиноятҳо ва мукаммалсозии қонунгузории ҷиноятӣ оид ба масъалаи зикршуда сабабу шароитҳои иловагии асоснок пешниҳод карда шудаанд.

Калидвожаҳо: якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, таъин ва иҷрои ҷазо, алтернативаи ҷазои қатл, маҷмўи ҷиноятҳо вапринсипи дарбаргирӣ.

Дар шароити кунунии рӯз то рӯз зиёд шудани сатҳи содиршавии ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷазои ҷиноятӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ яке аз василаҳои асосии ҷавоби давлат нисбат ба ин зуҳуроти номатлуби хавфноки ҷамъиятӣ ба ҳисоб меравад.

Карл Маркс ҳанӯз дар асри 18 ба маврид қайд намудааст, ки ҷазо ҳамчун як воситаи худмуҳофизатии ҷомеа нисбат ба вайронкунандаи   шароити мавҷуда мебошад [1, с.8 ].

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳи содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тамоюли зиёдшавиро касб намудааст, ки ба ин муносибат муҳимияти мавзуъ бо он асоснок мегардад, ки таъсири таъини ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан аввалан бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содиршавии ҷиноятҳои махсусан вазнин ва ретсидиви ҷинояткорӣ равона карда шудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 26 январи соли 2021 дар ин хусус қайд намуданд, ки ‹‹Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем»[2].

Далолати гуфтаҳои боло ин маълумотҳои омории Сармаркази таҳлилӣ-иттилоотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки мутобиқи он танҳо аз соли 2010 то 2020 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 52059 ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир гардидааст, ки ҳолати мазкур нигаронкунанда мебошад[3]. Ин нишондиҳанда дар ҳолест, ки ҳамсола теъдоди зиёди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷониби судҳо ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуда, вобаста ба ҳолатҳои кор ва кирдори содиршуда нисбат ба гунаҳкорон ҷазои ҷиноятии сазовор таъин карда мешаванд.

Барои дилхоҳ таҳқиқот аломати муҳимро манбаи эмпирикӣ, ки ҳамчун асос барои таҳқиқоти фарогири илмӣ мебошад, ташкил медиҳад, зеро он имконият медиҳад, ки ҳангоми омӯзиш тахминҳо, хулоса ва пешниҳодҳои худро нисбат ба ин масъала мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намоем.

Дар мақолаи мазкур ба сифати манбаи маводҳои эмпирикӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҳукмҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва ҳукмҳои суди ш.Душанбе бо парвандаҳои мушаххас вобаста ба таъин ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо истифода бурда шудаанд.

Мусаллам аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият дар соли 1991 аз пайи бунёд намудани давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гардида, дар ин асно ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро тавассути Конститутсияи худ арзиши олӣ эътироф намуд[4, с.8].

Қисми таркибии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ташкил медиҳанд. Аз ин лиҳоз, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 ба Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва ба Протоколи иловагӣ ба Паймони байналхалқӣ доир ба ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ҳамроҳ гашта, дар худ уҳдадорӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба қонунгузории миллиро қабул намуд, ки дар натиҷа Тоҷикистон ҳамчун як узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ самти гуманизатсияи иҷрои ҷазои ҷиноятиро интихоб намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар м.м. 104 қ.2, 138 қ.3, 179 қ.3, 398 ва 399 пешбини шудаанд, дар баробари ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ҳамзамон ҷазои қатлро пешбинӣ намуда, қаблан ин намуди ҷазои сангин аз ҷониби судҳо таъин ва иҷро мегардид.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 30 апрели соли 2004 изҳор намуданд, ки «Маҳдуд намудани ҷазои қатл амали хело назаррас аст, аммо нисба ба ҳаёти инсон бояд муносибати башардӯстона сурат гирад.Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ ва дахлнопазир буда, дар миёни онҳо ҳуқуқ ба ҳаёт мавқеи хоса дорад.Воқеан ҳуқуқи ҳаёт арзиши табиӣ буда, ҳеҷ кас ҳақ надорад касеро аз ин ҳуқуқ маҳрум созад. Бо назардошти андешаҳои боло доир ба тадбиқи ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маратория эълон карда мешавад»[5].

Дар ин замина, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» аз 15 июли соли 2004, №45 татбиқи ҷазо дар шакли ҷазои қатл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои содир намудани ҷиноятҳое, ки дар м.м. 104 қ.2, 138 қ.3, 179 қ.3, 398 ва 399-и КҶ муқарраршуда ва инчунин иҷрои ҷазои қатл ва дигар қоидаҳои вобаста ба он, ки дар м.м. 19, 21, 23, 25, 78, 100, 127, 129, 131, 133, 214-222-и КИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, боздошта шуд.

КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар м.47 номгӯи мукаммали намудҳои алоҳидаи ҷазоро пешбинӣ намудааст, ки аз ҷониби суд метавонад нисбат ба шахсе, ки кирдори ҷамъиятиро содир намудааст, таъин намояд. Дар қатори онҳо ба сифати намуди ҷазои асосӣ бо ҷудо намудани шахс аз ҷомеа, метавонад ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин таъин гардад.

Мавқеи ҳуқуқии якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҳамчун намуди алоҳидаи ҷазои ҷиноятӣ дар давраи амали КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиротҳои муҳимро аз сар гузаронида, гарчанде ки мақоми комилан алоҳидаи ҷазоро ба даст оварда бошад ҳам, аммо вобастагии худро аз ҷазои қатл гум накард. Зеро КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қаблан якумра маҳрум сохтан аз озодиро ба сифати намуди алоҳидаи ҷазо пешбинӣ намекард.

Бо пайдо шудани зарурият ва бо мақсади пурра намудани холигии қонунгузорӣ дар ин ҷода, дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 1 марти соли 2005, №86 ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 58 (1) ворид карда шуда, мутобиқи он дар КҶ ҷазои нав дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан пешбинӣ шуд, ки он танҳо ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад[6].

Дар марҳилаи муосири рушд ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ яке аз ҷазоҳои сангин на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар давлатҳои хориҷа низ, ки ба ҷазои қатл моратория эълон намудаанд, ба шумор меравад.

Яке аз мушкилотҳои дигар ин раванди гендерии таъини ҷазои якумра аз озоди маҳрум сохтан мебошад. Қонунгузории ҷиноятӣ бо такя ба принсипи инсондӯстӣ таъин намудани ҷазои якумра аз озоди маҳрум сохтанро нисбат ба занон, инчунин шахсони то синни ҳаждаҳсолагӣ ҷиноят содирнамуда ва мардоне, ки дар лаҳзаи баровардани ҳукм аз тарафи суд ба шастусесолагӣ расидаанд, манъ намудааст. Аз ин хулоса баровардан мумкин аст, ки таъин намудани ҷазои мазкур танҳо нисбати мардони аз 18 то 63 сола имконпазир аст.

А.А.Арсёнова дар ин масъала бар он ақида мебошад, ки маҳдудияти таъин намудани ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан нисбати шахсони болозикршуда бо принсипи адолат ва инсондӯстӣ аз ҷумла, бо дарназардошт ва ба эътиборгирии омилҳои итиҷмоии синну сол, физиологии шахсони гуногун ва бо мақсади таъмини пурра ва мақсадноки масъалаҳое, ки дар назди ҷазои ҷиноятӣ дар давлати демократӣ-ҳуқуқӣ гузошта шудаанд, асоснок мегардад [7, с.10-17 ].

Назари К.В.Дядюн дар ин масъала чунин мебошад, ки раванди гендерӣ бояд бо татбиқи принсипҳои адолат, баробарӣ ва инсондӯстӣ мувофиқ буда, мувозинати онҳоро халалдор насозад. Аммо маҳдудияти таъин намудани ҷазои мазкур нисбати баъзе аз шахсон аз рӯи хусусиятҳои биологиашон (ҷинсият), қонунгузор принсипҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ, конститутсионӣ ва умумиро вайрон намуда, бартариро ба манфиати стереотипҳои гендерӣ додааст [8, с.27-33].

Яке аз мушкилоти дигар ин ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл ба шумор рафтани ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан мебошад. Аз муқаррароти қ.1-и м.581 –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки суд ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро танҳо ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин метавонад таъин намояд. Ҳол онки дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раводиди м.м.104 қ.2, 138 қ.3, 179 қ.3, 398 ва 399 -и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ҷазои қатл ҳамчунин якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ба сифати ҷазои асосии мустақил пешбинӣ шудааст.

Мутобиқи м.48-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҳамчун ҷазои асосӣ ба ҳисоб рафта, он ба сифати алтернативаи ҷазои қатл пешбинӣ нашудааст, ки дар ин маврид байни муқаррароти м.м.48 ва 581 –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифати ҷиддӣ ҷой дорад. Ҳолати мазкур бояд аз ҷониби мақомоти қонунгузор бо ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба қ.1-и ба м.581 –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф карда шавад.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод карда мешавад, ки ба қ.1-и м.581 –и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, он дар таҳрири зерин пешбинӣ карда шавад.

«Моддаи 581. Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан 

Якумра аз озодӣ маҳрум сохтан барои содир намудани ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, таъин карда мешавад».

Муқарророти қ.1-и м.388-и КМҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва м.11-и Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014, №1084 пешбинӣ намудааст, ки ҳукми суд, ки эътибори қонунӣ пайдо намудааст, барои ҳамаи корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ буда, дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба иҷро расонида шавад[9].

Аз ин хотир, ҳукми суд, ки дар асоси он ба маҳкумшуда ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда шудааст, дар муҳлати 10 шабоназӯр аз лаҳзаи гирифтани нусхаи ҳукм аз ҷониби маҳкумшуда, эътибори қонунӣ пайдо намуда, аз ҷониби муассисаҳои ислоҳии СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди иҷроиш қарор мегирад.

Мувофиқи м.58-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва м.м.133 ва 134-и КИҶҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкумшудагоне, ки барояшон ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин гардидааст ё ҷазои қатл тибқи тартиби бахшиши ҷазо ба маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст, ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии низомашон сахт адо мекунанд. Маҳкумшудагони мазкур: а) дар шароити изолятсияи (ҷудонигоҳдорӣ) қатъӣ дар биноҳои навъи камера нигоҳ дошта мешаванд; б) метавонанд барои хариди озуқаворӣ ва маводи мавриди ниёз аз маблағи дар ҳисобномаи шахсӣ доштаашон бе маҳдудият харҷ кунанд; в) дар тўли сол ба се мулоқоти кўтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд; г) ҳуқуқ доранд бе маҳдудият фириста, дастовез ва баста гиранд; д) аз гаштугузори ҳамарўза бо давомнокии ду соат истифода баранд.

Дар мавриди надоштани муҷозот барои вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи адои ҷазо ва муносибати софдилона ба меҳнат бо гузаштани на камтар аз нисфи муҳлати адои ҷазо маҳкумшударо ба шароити беҳбудигардонидашудаи нигоҳдошт гузаронидан мумкин аст. Дар ин сурат маҳкумшудагон: а) дар биноҳои муқаррарии истиқоматӣ нигоҳ дошта мешаванд; б) дар тўли сол ба таври иловагӣ ба се мулоқоти кўтоҳмуддат ва ду мулоқоти дарозмуддат ҳуқуқ доранд[10].

Мушкилот дар он аст, ки ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан бе муҳлат мебошад, яъне он то лаҳзаи марги маҳкумшуда адо карда мешавад.Дар марҳилаи адои ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, алалхусус дар марҳилаи аввали адои ҷазо бисёре аз маҳкумшудагон ба шароити сахти нигоҳдорӣ бе имкониятӣ озодшавӣ рубару шуда, онҳоро ҳиссиёти сахти ноумедӣ ва даст задан ба худкшуӣ фаро мегирад.[11, с.148-150]

Мушкилоти дигар дар он аст, ки агарчанде қонунгузории ҷиноятӣ дар м.76-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод намудани маҳкумшудагоне, ки барои ҷинояти махсусан вазнин маҳкумшударо бо адо намудани на камтар аз чор се ҳиссаи ҷазо иҷозат диҳад, аммо дар б.«а»-и қ.7-и моддаи мазкур нисбат ба шахсе, ки барояш ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда шудааст, шартан пеш аз муҳлат озод шуданро манъ намудааст.

Дар муқоиса ба қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қ.5-и м.79 КҶ Федератсияи Россия пешбинӣ шудааст, шахсе, ки ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтанро адо менамояд, метавонад шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод карда шавад, агар аз ҷониби суд муайян карда шавад, ки ӯ барои минбъадаи адои ҷазо муҳтоҷ набуда, воқеъан на кам аз 25 сол ҷазоро адо намудааст [12].

 Таъини ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Масъалаи тартиб ва таъини ҷазоро аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, ки дар ин маврид аз ҷониби суд принсипи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои вазнин татбиқ мегардад.

Мувофиқи қ.4-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад.

 Принсипи мазкур ҳолати ягонае мебошад, ки интихоб ва таъини ҷазои ниҳоӣ на аз категорияи ҷиноятҳои содиршудаи ба маҷмўъ дохилшаванда, балки аз ҷазои таъиншуда барои маҷмўи ҷиноятҳо вобастагӣ дорад.

Масалан, дар асоси ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2003 дар баробари дигарон ба маҳкумшуда «С» бо қ.2-и м.186-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол бо мусодираи амвол, бо б. «г,д,н»-и м.104-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) ҷазои истисно, яъне қатл, бо б. «г,д,н»-и м.104-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) ҷазои истисно, яъне қатл, бо қ.1-и м.1341-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1961) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол ва бо б. «б,в»-и қ.2-и м.249-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири 1998) ҷазои истисно, яъне қатл муқаррар гардида, бо дастрасии қ.3-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо ба «С» ҷазои ниҳоӣ, ҷазои истисно, яъне қатл таъин карда шудааст[13].

Агар ба ҳукми мазкур назар афканем, муайян карда мешавад, ки Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои ниҳоиро дар намуди қатл бо татбиқи қ.3-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудааст, ҳол он ки дар КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири пештара аз санаи 21 майи соли 1998 дар қ.3-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби таъини ҷазои ниҳоӣ дар намуди қатл пешбинӣ нашуда буд. Таъини ҷазои қатлро ба сифати ҷазои асосӣ танҳо м.59-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳрири пештара аз санаи 21 майи соли 1998 пешбинӣ намуда буд.

Пас аз ин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 17 майи соли 2004, №35 ҳолати мазкур бартараф карда шуда, ба м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми 4 бо мазмуни зайл; «агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад» тағйирот ворид карда шуд.

Чи тавре, ки дар боло қайд намудем, бо пайдо шудани зарурият дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз санаи 1 марти соли 2005, №86 ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нави 58 (1) ворид карда шуд.

Айни замон дар таҷрибаи судӣ ҳангоми татбиқ қ.4-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир шудани маҷмўи ҷиноятҳо дар сурати таъин шудани ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ истифода бурда мешавад, гарчанде, ки дар қисми моддаи мазкур чунин муқаррарот ҷой надошта, он ҳамчун алтернативаи ҷазои қатл истифода бурда мешавад.

Масалан, бо ҳукми суди ш.Душанбе ба «Т» аз рўи маҷмўи ҷиноятҳо бо б.«а»-и қ.3-и м.138-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ва бо б.«а»-и қ.4-и м.139-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 сол муқаррар карда шуда, бо дастрасии қ.4-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро дар бар гирифтани ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ ба «Т» ҷазои ниҳоии якумра маҳрум сохтан аз озодӣ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии низомаш махсус таъин карда шудааст[14].

Аз ҳукми мазкур дида мешавад, ки суд ҳангоми муайян намудани ҷазои ниҳоӣ муқаррароти қ.4-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намуда, ҷазои ниҳоиро бо роҳи ҷазои сабукро дар бар гирифтани ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъин намудааст, ҳол он ки қ.4-и м.67-и Кодекси мазкур на ҷазои вазнинро дар бар гирифтани ҷазои якумра, балки ҷазои сабукро дар бар гирифтани ҷазои қатл пешбинӣ намудааст. Бояд ёдовар шуд, ки санксияи қ.3-и м.138-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ҷазоҳо ҳамчунин ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодиро низ пешбинӣ намуда, суд маҳз ҷазои мазкурро таъин намудааст, на ҷазои қатлро.

Қаблан дар қ.4-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррароте пешбинӣ шуда буд, ки «агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин карда мешавад», аммо баъдан ба он тағйирот ворид карда шуда, минбаъд  ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл имконпазир мебошад, ки ҳолати мазкур дар таҷрибаи судӣ мушкилотро ба вуҷуд меоварад, яъне суд меъёри моддиеро татбиқ менамояд, ки дар он ин муқаррарот умуман пешбинӣ нашудааст.

Аз ин лиҳоз, пешниҳод карда мешавад, ки қ.4-и м.67-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«агар барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда ҷазои қатл таъин карда шавад, он гоҳ ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои қатл таъин карда мешавад. Дар сурати барои яке аз ҷиноятҳои дар маҷмўъ содиршуда таъин гардидани ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, ҷазои ниҳоӣ бо роҳи ҷазои сабуктарро дар бар гирифтани ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан таъин мегардад».

Бояд қайд кард, ки дар муқоиса ба қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррарот дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Белорус, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Украина бевосита пешбинӣ шудааст.

Хулоса ҳангоми таҳқиқоти мазкур муайян гашт, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи таъин ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ва ҳамзамон ҳангоми таъини ҷазои мазкур аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо дар таҷрибаи судӣ низ як қатор мушкилотҳо ҷой доранд, ки онҳо бояд ҳар чи зудтар ба тариқи ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ ба КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартараф карда шаванд.

 Адабиёт

1.Карл Маркс Смертная казнь.-Памфлет Кобдена. Меропрятия английского банка.К.Маркс// New-York Dally Tribune-1853-№3695-С.54

2.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 26.01.2021 с. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.president.tj (санаи муроҷиат: 1.02.2021).

3.Маълумотномаи омории Сармаркази таҳлилӣ-иттилоотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  6 майи соли 2021, №14/3-575.

4.Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 бо тағйиру иловаҳо аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2013 ва 22 майи соли 2016 (бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ). – Душанбе: Ганҷ, 2016. – 137 с.

5.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 30.04.2002 с. [Захираи электронӣ]. Манбаи дастрасӣ: URL: http://www.president.tj (санаи муроҷиат: 19.03.2022).

6.Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ] // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Манбаи дастрасӣ: URL: http: //mmk.tj (санаи муроҷиат: 19.03.2022).

7.Арсёнова А.А. Проблемы института пожизненного лишения свободы в Российском уголовном праве/А.А.Арсёнова//Наука, Общество, Государство.-2017-Т.5-№4 (20).-С. 10-17.

8.Дядюн К.В. Смертная казнь: плюсы и минусы в современном обществе/К.В.Дядюн//UniversumЭкономика и юриспруденция.—2015-№7 (18).-С.27-33.

9.Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ] // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Манбаи дастрасӣ: URL: http:// mmk.tj (санаи муроҷиат: 19.03.2022), Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 26 июли соли 2014, №1084 [Матн]-Душанбе:Хирадмандон, 2021.-187 с.

10.Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон [Захираи электронӣ] // Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ Манбаи дастрасӣ: URL: http://mmk.tj (санаи муроҷиат: 19.03.2022).

11.Нешитая О.Н. Проблемы применения в виде пожизненного лишения свободы в Российской Федерации/О.Н. Нешитая, О.Н. Баженов// Право: современные тенденции:матер. Междунар.науч.конф. (г.Краснодар, февраль 2016.).- [Манбаи электронӣ]- Манбаи дастрасӣ: URL: http://stykrf.ru (санаи муроҷиат: 5.04.2022).

  1. Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия аз 13.06.1996, № 63-ФЗ (ред. Аз 16.10.2019) [Захираи электронӣ] / Манбаи дастрасӣ: URL: http:// www.consultant.ru/document/cons_doc_LAW_10699/ (санаи муроҷиат: 5.04.2022).

13.Бойгонии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2003 // Парвандаи ҷиноятии №2–3/03, С-1– 195.

14.Бойгонии Суди шаҳри Душанбе барои соли 2020 // Парвандаи ҷиноятии №1– 338/2020.

ПОЖИЗНЕННОЕ ЛИШЕНИЕ СВОБОДЫ: ЕГО НАЗНАЧЕНИЕ И ИСПОЛНЕНИЕ ПРИ СОВОКУПНОСТИ ПРЕСТУПЛЕНИЙ В СООТВЕТСТВИИ С УГОЛОВНЫМ ЗАКОНОДАТЕЛЬСТВОМ РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

(проблемы законодательства и судебной практики)

АБДУЛЛОЗОДА ДЖАМОЛИДДИН АБДУЛЛО

Соискатель кафедры уголовного права и противодействия с коррупцией юридического факультета Таджикского национального университета, председатель суда Яванского района Хатлонской области,

734025, Таджикистан, г.Душанбе, проспект Рудаки 17.

E- mail:Abdullozoda1985@gmail.com

 Данная статья посвящена теме пожизненного лишения свободы: его назначению и исполнению при совокупности преступлений в соответствии с уголовным законодательством Республики Таджикистан, в том числе, проблемам законодательства и судебной практики в этой области. Актуальность данной темы проявляется в том, что пожизненное лишение свободы назначается за совершение особо тяжких преступлений, поэтому считается одним из важных институтов уголовного права. В статье обсуждаются такие проблемы, как: бессрочность данного вида наказания; пожизненное лишение свободы как альтернатива смертной казни; гендерный принцип назначения данного вида наказания и не применение условно-досрочного освобождения от отбывания наказания лица, в отношении которого назначено пожизненное лишение свободы. Также автором были представлены обоснованные дополнительные причины и условия для решения существующих проблем в институте пожизненного наказания лишения свободы: его назначение и исполнение при совокупности преступлений и совершенствование уголовного законодательства по данному вопросу.

Ключевые слова: пожизненное лишение свободы, назначение и исполнение наказания, альтернатива смертной казни, совокупность преступлений и принцип поглощения.

LIFE IMPRISONMENT: ITS SENTENCING AND EXECUTION OF A SET OF CRIMES IN ACCORDANCE WITH THE CRIMINAL LEGISLATION OF THE REPUBLIC OF TAJIKISTAN

(problems in legislation and judicial practice)

ABDULLOZODA JAMOLIDDIN ABDULLO

Applicant of Criminal Law and Anti-Corruption Department of the Law Faculty of the Tajik National University, Chairman of the Yovon district Court of Khatlon region,

734025, Tajikistan, Dushanbe, 17, Rudaki Ave.,

E-mail:Abdullozoda1985@gmail.com

This article is devoted to the life imprisonment: its sentencing and execution cumulative crimes in accordance with the criminal legislation of the Republic of Tajikistan, as well as the problems of legislation and judicial practice in this area. The relevance of this topic is manifested in the fact that life imprisonment is sentenced for the commission of particularly serious crimes; therefore it is considered as one of the important institutions of criminal law. The article discusses such problems as: the indefinite duration of this type of punishment; life imprisonment as an alternative to the death penalty; the gender principle of the sentencing of this type of punishment and the non-application of conditional early release from serving a sentence of a person in respect of whom a life sentence has been imposed. Also, the author presented reasonable additional reasons and conditions for solving existing problems in the institution of life imprisonment: its sentencing and execution in case of a combination of crimes and the improvement of criminal legislation on this issue.

Keywords: life imprisonment, the sentencing and execution of punishment, alternative to the death penalty, cumulative crimes and the principle of absorption.

Бознашр аз маҷаллаи илмию сиёсии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Идоракунии давлатӣ». 2022—1 (55)