Аз ҷониби суд муқаррар намудани падарӣ ва рӯёнидани алимент барои фарзанди ноболиғ

Тибқи талаботи қисми 1 моддаи 50 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати аз волидони никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки волидон ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз волидон ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шасе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи суди муқаррар карда мешавад.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 83 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми набудани созишномаи волидон дар хусуси пардохти алимент ба кӯдакони ноболиғ ва дар ҳолате, ки агар падар ё модари алиментдиҳанда музди кор ва ё даромади дигари номунтазам ё тағйирёбанда дошта бошад, ё агар ин падар ё модар музди меҳнату даромади дигарро пурра ё қисман дар шакли асл (натура) ё асъори хориҷи гирад, инчунин ҳангоми нагирифтани музди меҳнат ва (ё) даромади дигар, инчунин дар ҳолатҳои дигаре, ки ситонидани алимент вобаста аз ҳиссаи музди меҳнат ва даромади дигари падар ё модар имконнопазир, мушкил ё манфиати яке аз тарафҳоро моҳиятан халалдор созад, суд метавонад андозаи алименти ҳармоҳа ситонидашавандаро ба маблағи устувор ва ё ҳамзамон дар шакли ҳисса (мутобиқи моддаи 81 ҳамин Кодекс) ва бо маблағи устувор муайян намояд.




Санаи 21 апрели соли 2022 аз ҷониби муовини раиси суди ноҳияи Ёвон Ҳукуматзода М.М. парвандаи оилавӣ бо аризаи даъвогии Қарабоева Д.Ш. ба ҷавобгарии Солиҳов Ш.Х. дар бораи муқаррар намудани падарӣ ва рӯёнидани алимент барои таъминоти фарзанди ноболиғ ба тариқи  устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки даъвогар Қарабоева Д.Ш. бо ҷавобгар Солиҳов Ш.Х.   моҳи октябри соли 2018 тариқи  расму оини динӣ оила барпо намуда, аммо никоҳашонро  расман дар мақомоти САҲШ ба қайд нагирифтаанд. Аз зиндагонии якҷоя бо пешбурди хоҷагии умуми онҳо соҳиби як нафар фарзанд Шукрияи Шамсиддин, 1 январи соли 2019 таваллудаш гардидаанд. Муносибатҳои оилавии онҳо аз аввал хуб буда, баъдан муносибати ҷавобгар нисбати даъвогар дигаргун шуда, бо ҳар баҳона ҷангу ҷанҷол намуда, оқибат моҳи октябри соли 2020 тарафҳо аз ҳамдигар ҷудо шуда, ҷавобгар ба тариқи динӣ ҷавоби даъвогарро додааст. Айни ҳол даъвогар дар ягон ҷой кор накарда, ягон манбаи доимии даромади моддӣ надоштааст, ки аз ин сабаб барои таъминоти фарзандаш аз ҷиҳати моддӣ танқисӣ мекашидааст.

Ҷавобгар бошад дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати меҳнатӣ ба мардикорӣ машғул буда, даромади хуб ба даст оварда, вале барои таъминоти фарзандаш ёрии модии худро намерасонидааст, ки дар натиҷа даъвогар маҷбур шудааст, ки бо даъвои мазкур ба суд муроҷиат намояд.

Дар асоси ҳалномаи суд даъвои Қарабоева Д.Ш.  қисман қонеъ карда шуд, Солиҳов Ш.Х, соли 1987 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон,  истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Норин, деҳаи 1- Май, падари кӯдак Шукрияи Шамсиддин, 1 январи соли 2019 таваллудаш муқаррар карда шуда, аз ҳисоби Солиҳов Ш.Х. ба фоидаи Қарабоева Д.Ш. барои таъминоти фарзанди ноболиғашон Шукрияи Шамсиддин, 1 январи соли 2019 таваллудаш, ҳар моҳ ба тариқи устувор то ба синни балоғат расиданаш ба андозаи 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ алимент рӯёнида шудааст.

Ҳукуматзода Муҳаммад

муовини раиси суди ноҳияи Ёвон