Идомаи корҳои ташфиқотиву тарғиботӣ дар Муассисаҳои таълимӣ

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии Суди ноҳияи Ёвон ва бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, санаи 19 ноябри соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №80-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии судяи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Садирзода Р.С. ва котиби маҷлиси судӣ Саидмуродзода О.Ҳ.  бо хонандагон, омӯзгорон ва Кумитаи падару модарон баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур судяи Суди ноҳияи Ёвон Садирзода Р.С. дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мубрам аз қабили, бекор кардани ақди никоҳи ҷавон, зӯроварӣ дар оила, пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, вобаста  ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо  баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.