Баргузории вохӯриии судманд бо хонандагон, омӯзгорон ва волидони хонандагони МТМУ №75—и ноҳияи Ёвон

Яке аз роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ин пеш аз ҳама баргузор намудани суҳбату вохуриҳои судманди судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд бо хонандагон, омӯзгорон ва волидони хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба шумор меравад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, Барномаи давлатии ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030, Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Стратегияи муқовимат бо экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, санаи 17 ноябри соли 2021 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №75-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон вохӯрии раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А., ёрдамчии раиси суд Ҳокимзода М. ва пристави суд Ёрзода М. бо хонандагон, омӯзгорон ва волидони хонандагон баргузор гардид.

 

Дар вохӯрии мазкур раиси суди ноҳияи Ёвон Абдуллозода Ҷ.А. дар назди ҳозирин доир ба мавзӯҳои мубрам аз қабили, бекор кардани ақди никоҳи ҷавон,  пешгирӣ аз ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, вобаста  ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд» (м.90 КҲМ ҶТ), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (м.481 КҲМ ҶТ) ва ғайраҳо  баромад намуданд.

Вохӯрии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифтанд.