БАРГУЗОРИИ МАШҒУЛИЯТИ СЕМИНАРӢ

Санаи 27 августи соли 2021 дар асоси нақша-чорабиноҳои тасдиқшудаи Суди вилояти Хатлон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ёвон машғулияти семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва суди ҳарбии гарнизони Хатлон бо иштироки муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш., раиси коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Ш., раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Мирзозода Р.П, муовини якуми раиси Суди вилояти Хатлон муҳтарам Бойзода Т.Г. ва муовини раиси Суди вилояти Хатлон Аҳёзода Ш. баргузор гардид. Дар машғулияти семинарии мазкур бо маърӯза чор нафар судя аз ҷумла, Ғафориён Т. судяи суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон дар мавзуъи «Қоидаҳои таъини ҷазо барои содир намудани ҷиноят дар ҳолати ретсидиви оддӣ, хавфнок ва махсусан хавфнок»,     Муҳиддинзода Б. раиси суди ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар мавзуъи «Беэътибор донистани шартномаҳои хариду фурӯши манзили истиқоматӣ ва бадастоварандаи бовиҷдон эътироф намудан»,  Абдуллозода А. судяи суди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон дар мавзуъи «Баррасии парвандаҳои оилавӣ вобаста ба аъзои оилаи молик эътироф намудан ва маскун кардан дар манзили истиқоматӣ», Назарзода З. судяи суди шаҳри Нораки вилояти Хатлон дар мавзуъи «Таҷрибаи баррасии судии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ вобаста ба қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт» баромад намуданд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби роҳбарияти Суди вилояти Хатлон таҳлили сабабу асосҳои бекоршавии санадҳои судӣ дар моҳи августи соли 2021 гузаронида шуд. Ҳамчунин, дар интиҳои чорабинии мазкур муовини якуми раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Лутфуллозода Ш. баромад намуда, дастуру супоришҳои бевоситаи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиёнро ба саъми судяҳо расонида, изҳор намуданд, ки риояи саривақтии интизоми меҳнат ва худдорӣ намудан аз ҳар гуна омилҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои ҳар як нафар судя ҳатмӣ мебошад. Ҳамчунин, меҳмони олиқадр бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани Ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони судҳоро барои гузаронидани корҳои ободониву созандагӣ дар ҳудуди бинои маъмурии судҳо ҳидоят намуданд. Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида, он дар баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат хоҳад кард.