Санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021»

Субҳи рӯзи 22 июли соли 2021 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал дар таърихи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар саросари мамлакат санҷиши омодагии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ таҳти унвони «Марз-2021» баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маҷмӯъ 1 ҳазору 850 нафар хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, 16 нафар судя ва кормандони дастгоҳи Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,  афсарону сарбозони ҳайати захираҳои сафарбарӣ ва 48 адад техникаҳои гуногун бо бонги хатар дар маҳалҳои муайяншудаи самтҳои амалиётӣ ҷамъ омаданд ва ҳолати омодабошии ҷангии онҳо санҷида шуд.