Иштироки раиси суд Абдуллозода Ҷ.А. дар барномаи таҳлиливу ҳуқуқии «Инсон ва қонун»-и Телевизиони Тоҷикистон

Дар асоси нақша-чорабиниҳои байни Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Телевизиони Тоҷикистон»-и Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқшуда, раиси суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Абдуллозода Ҷ.А. дар барномаи таҳлиливу ҳуқуқии «Инсон ва қонун»-и «Телевизиони Тоҷикистон» иштирок намуда, андешаҳои хешро бо дарназардошти асосҳои қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон ва дар заминаи он роҳҳои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баён намуданд. Барномаи мазкур санаи 9 июли соли 2021 тариқи «Телевизиони Тоҷикистон» дар эфир пахш гардид.