ШУКРИ ИСТИҚЛОЛИ КИШВАР БОЯД КАРД

Неъмате беҳтар зи истиқлол нест,
Ҳоҷати бисёр қилу қол нест.
Васфи истиқлол кун аз рўи шавқ,
Эй ватанпарвар забонат лол нест.
-гуфтааст шоир, ки бешубҳа дарки маънии он далолат бар он дорад, ки дар ҳақиқат истиқлолият неъмати бебаҳост. Зеро агар мо солҳои соҳибистиқлолии Кишвари азизамонро пеши назар биёрем, хуб дарк менамоем, ки ба чи гуна дастовардҳои бузурге ноил гардидаем. Ва пеш аз ҳама мо бояд шукронаи соҳибистиқлолии давлати худро кунему дар гулгулшукуфоии он ҳиссаи худро гузорем.
Албатта, бояд дар хотир дошта бошем, ки ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ва рушду инкишофи бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ барҳақ корнамоиҳои бемислу беназири наҷотбахши миллат ва фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, сиёсатмадори бузурги аср, Пешвои муаззами миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Боиси хушнудиву саодат аст, ки мардуми шарафманди тоҷик имрўзҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азиз бо роҳбарӣ ва роҳнамоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарбаландона баҳри рушди босуботи кишвар ҷаҳду талош намуда истодаанд.
Ваҳдату иттиҳод, ҳамдигарфаҳмӣ, якдиливу муттаҳидӣ сарчашмаи бахту саодат буда, тамоми дастовардҳои мамлакат тавассути фароҳам будани сулҳу ваҳдат ба амал бароварда мешавад.
Бо шарофати Истиқлолият ва иродаи наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар инфрасохтори иҷтимоиву марказҳои муосири хизматрасонӣ, муассисаҳои муҷаҳҳази соҳаи маорифу тандурустӣ ва амсоли инҳо таҷдид, бунёд ва азнавсозӣ гардид, бунёд ва шурўи фаъолияти коргоҳҳои хурду бузург баҳри таъмини сокинон бо ҷойҳои кори доимиву мавсимӣ мусоидат намуд.
Бахусус, дар ноҳияи Ёвон, низ бо ҳузури бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода додани ду корхонаи азими сементбарорӣ- «Хуаксин-Ғаюр семент» ва «Моҳир семент», корхонаҳои пуриқтидори истеҳсоли гачкартон ва креолит, фабрикаи мурғпарварии «Мурғи беҳамто», муассисаҳои таълимии рақамҳои 11,16,57,80,81, «Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон» ва чандин иншооти аҳамияти бузурги иҷтимоию иқтисодӣ дошта шаҳодати таваҷҷўҳи бемайлони Роҳбари давлат ба ин гўшаи диёрамон маҳсуб меёбад.
Аз ин хотир мо бояд шукронаи Сулҳу Ваҳдат ва соҳибистиқлолии давлатамонро кунему баҳри рушди минбаъдаи давлати соҳибистиқлоли худ аз пештара зиёдтар ҷаҳду талош варзем.
Ғанизода Фаррух Муҳаммадӣ,
муовини якуми раиси суди ноҳияи Ёвон