Машғулияти семинарӣ яке роҳҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо

«Аз ин рӯ, роҳбарияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бояд ба масъалаҳои баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо, тайёр намудан ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо эътибори ҷиддӣ диҳанд»

«Иқтибос аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ аз 26 январи соли 2021»


Дар асоси нақшаи тасдиқшудаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои Суди вилояти Хатлон, судяҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва судяҳои Суди ҳарбии гарнизони Хатлон, санаи 30 июли соли 2021 дар шаҳри Нораки вилояти Хатлон машғулияти семинарии навбатӣ баргузор гардид.
Дар ин машғулият дар баробари дигар иштирокчиён, ҳамчунин муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Иброҳимзода Ш.С. дар мавзӯи «Меросгирӣ аз рӯи васиятнома ва беэътибор донистани васиятнома» бо маърӯза баромад намуда, ба саволҳои гуногуни иштирокчиён посух гардонид.
Дар сатҳи баланд баргузор гардидани чунин машғулиятҳои семинарӣ ба баланд бардоштани малакаи касбии судяҳо мусоидат менамояд.