Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлатии соҳибистиқололи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боромади муовини якуми раиси Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон Ғанизода Ф.М. бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши он дар эъмори давлатии соҳибистиқололи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашнгирии 31-умин солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикситон қарор дорем.

Ҷомеаи кушоди шаҳрванди як организми доимо инкишофёбанда аст ва дараҷаи мустаҳкамии он ба фаъолияти озод, фаъолона ва самараноки шаҳрвандонаш вобаста аст. Асоси чунин ҷомеаро бояд қонунҳои адолатнок, ки тибқи манфиати ҷомеа ва шахс, афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон, баробарҳуқуқӣ ва адолати иҷтимоиро тарғибкунанда, ташкил диҳанд.

Дар ин самт ҷой ва нақши Конститутсия, асоси, хеле муҳим ва муайянкунанда мебошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми санадҳои меъёри ҳуқуқии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори Олии ҳуқуқиро дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд.                 Тамоми санадҳои меъёри ҳуқуқии  бояд дар асоси меъёрҳои Конститутсия таҳия ва қабул карда шаванд.

Калимаи Конститутсия аз калимаи лотини гирифта шуда маънои томи он барпо намудан, бунёд гузоштан ва таъсис додан мебошад.

Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти қабули Конститутсия пеш омад.

Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шудаанд ва дар кишвари мо давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи сонаҳои ҳаёти ҷомеа оғоз гардид. Мардуми Тоҷикистон марҳилаи давлатдории  ҳуқуқбуёнди демократӣ, эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ривоҷи муносибатҳои нави иктисодиро дар заминаи моликияти хусусӣ ва соҳибкорӣ шуруъ намуд. Давраи мустақили рушди иқтисодиву сиёси ва иҷтимоиву фарҳанги дар робита бо эҳёи суннатҳои давлатдории ниёгон, истифодаи васеи анъанаҳои миллӣ меросӣ, ғании фарҳангӣ ва дар заминаи густариши равобити дутарафаву бисьёртарафа бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналмиллалӣ оғоз шуд. Дар ҷомеаи мо зарурати таърихии интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақоми нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид.  Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷудомада зарурияти муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи Тоҷикитонро ба миён овард, ки дар ин ҷода зарурат ба қабули Конститутсияи нав ва бо ин васила таҳияи шаклу воситаҳои нави танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ ба миён омада буд. Аз ин рӯ дар давраи солҳои аввали истиқололияти давлатӣ масъалаи кабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон амри ногузир гардид. Зеро танҳо дар шароити вазъи солими ҷомеъа, фаъолияти муътадиди сохторҳои ҳокимияти давлатӣ, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ин бо қабули  Конститутсия,  имконпазир ва зарур буд.

Дар ин ҷода ҳануз 12 декабри соли 1992 сарвари давлат мӯҳарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба халқи шарифи Тоҷикистон қайд намуда буд, ки «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмиллалӣ такмил дода, барои буньёди давлати нав-демократӣ, ҳуқуқбунёд замина лозим аст, ки эъҷоди ин навъи давлатро Конситутсия мегузорад».

Лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 ба муҳокимаи умумихалқӣ тавсия гардид. Дар ҷараёни ба муҳокимаи халқ пешниҳод кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими тақдирсоз будани он аз нав эҳсос гардид, зеро Конститутсияи нав ҳамчун санади асосӣ ва муҳимтарини ҳаёти давлату ҷомеа дар пешрафти минбаъдаи кишвар ва муайян намудани сарнавишти халқи Тоҷикистон, асоси устувори ҳуқуқиро ба вуҷуд меовард.

Халқи тоҷик таърихан ба адолату адолатпарварӣ, доду додрасӣ, додвариву инсоф содиқ мебошад. Аз ин рӯ халқи мо дар Конститутсия, бунёди ҷомеаи адолатпешаро ба сифати яке аз вазифаҳои муққадаси худ, қабул ва эълон намудааст.

6-ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар райпурси 94,4 фоиз халқи шарифи Тоҷикистон ширкат варзида буданд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми шарафи Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлаи тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад.

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзи Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳоди давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсӣ дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфта эълон шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатории миллӣ истифодаи васеъи ананаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бевосита аз ҷониби халқи Тоҷикистон қабул шуда, азму ирода ва мақсаду мардуми Тоҷикистонро таҷассум намудааст.

Консититсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни асосии давлат буда дар он таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тартиби ташкил, салоҳият ва мувозинати байни мақомотҳоро ифода мекунад.

Бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи мо дигаргуниҳои куллии соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиву давлатӣ, ислоҳоти иқтисодиву сиёси иҷтимоиву фарњанги ва судӣ ҳуқуқӣ, оғоз гардида, самтҳои пешрафти давлат ва ҷомеа барои имрӯз ва оянда муайян карда шуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мисли конститутсияҳои давлатҳои дигари дунё бо пешрафти ҷомеа, дигаргуниҳои ҳаёти мардум, пайдошавии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, ҳадафҳо ва самтҳои ислоҳоти судӣ, идоракунии давлатӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо, наметавонист аз муқаррарот ва таҷрибаи байналмиллалӣ дар канор бошад, чунки халқи Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ  ва қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон мебошад, ва аз ин ру бо мурури вақт, ба он  ворид намудани тайғиру иловаҳо ба миён омаданд.

Аз ин ҷост, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 сол ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи райъпурсиии умумихалқӣ се маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар асоси ин тағйиру иловаҳо инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эълон шуда, ҳуқуқи ҳар шасх ба баррасии парванда дар суди босалоҳият мустақил ва беғараз эълон гардида, муҳлати ваколати судяҳо ба даҳ сол расонида шуда, ба низоми суди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе дохил карда шуданд.

Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсия сазовор мебошад, чунки ҳатто ба эътибори коршиносони дақиқсанҷем як қатор давлатҳои пешрафтаи ҷањон ва созмонҳои бонуфузи байналмиллалӣ, конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз намунаҳои беҳтарини конститутсияҳои демократии ҷаҳон мебошад.

Ҷашнгирии 31-солагии Конститусия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукуҳи хоса дорад. Дар давоми солҳои қабули Конститутсия халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеъан тақдирсоз муайян намудаааст.

Илова ба ҳама қайд карданиям, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қонуни асосии давлат, дар эъмори давлати соҳибистиқоли Тоҷикистон нақши муҳим ва асосӣ дошта дар заминаи он, унсури мараказии низоми ҳуқуқии кишвар, заминаи эҷод ва такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, пешрафти дурнамои ҷомеа ва давлат  ифода гардида, бо назардошти асрҳо пешбини шудааст.

Бо дарки амиқи ҳамаи гуфтаҳо боварии комил дорам, ки Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ҳама рӯза дар кори худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ мегиранд.

6-уми ноябри ҳар сол мардуми Тоҷикистон солгарди Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро ҷашн мегиранд.

31-солагии Конститустсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдории миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳамият ва шукуҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо халқи Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияи давлати сарнавишти худро тибқи муқаррароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонидааст.

Дар арафаи ҷашнгирии 31-умин солгарди рӯзи Конститутсия мо бо мақсади ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни таваҷҷуҳ ва меҳру самимияти ҳар як сокини мамлакатро ба ин санади тақдирсоз ва тавассути он ба Ватану ватандорӣ тақвият бахшидан, сухан рондем.