Худсарона ишғол намудани қитъаи замини кишоварзӣ

Замин, сарватҳои зеризамини, об, фазои ҳавои, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табий моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.  (м.13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)


Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор мебошанд, ки ҳар як ваҷаб қитъаи замин аз ҷумла, қитъаи замини таъиноти кишоваризиро оқилона ва самаранок истифода баранд, зеро рушди соҳаи кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобастагӣ дорад. Мутасифона дар ҷомеаи имрӯза шахсоне вомехуранд, ки манфиати шахсиро аз манфиати ҷомеа боло гузошта, даст ба худсарона  ишғол намудани қитъаи замини таъиноти кишоварзӣ ва сохтмон дар он мезананд.

Чанде пеш аз ҷониби Суди ноҳияи Ёвон  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Султонова Сайруя Мухтаровна, 26 декабри соли 1975 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёна, муввақатан бекор, зани танҳо, соҳиби 5 нафар фарзанд, пеш суд нашудааст, сокини ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Чоргул, деҳаи Сабзазор, дар содир  намудани ҷиноят бо қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Дар рафти мурофиаи судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Султонова Сайруя Мухтаровна моҳи январи соли 2021 аз заминҳои таъиноти кишоварзии корами обии ҳудуди Ҷамоати  деҳоти Норини ноҳияи Ёвон аз тарҳи 288 харитаи заминистифодабарии Хоҷагии иҷоравии «Баҳор» (ҳисоботи давлатии заминҳои соли 2001)-ро дар масоҳати 140 м2 бе ҳуҷҷати дахлдор ва худсарона ишғол намуда, дар он сохтмони худсаронаи манзили истиқоматӣ иборат аз 3 ҳуҷраро анҷом додааст.

Аз ҷониби суд кирдори содирнамудаи судшаванда Султонова Сайруя Мухтаровна бо қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгарии ҷиноятиро барои сохтмони худсарона дар қитъаи замини худсарона ишғолнамуда, новобаста аз татбиқи ҷазои маъмурӣ банду баст карда шудааст.

Дар асоси ҳукми суд судшаванда Султонова Сайруя Мухтаровна дар содир намудани ҷиноят бо қисми 2 моддаи 338 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 365 (сесаду шаступанҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 21900 (бисту як ҳазору нуҳсад) сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

Ҳукуматзода Муҳаммад

муовини раиси Суди ноҳияи Ёвон

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.