Дарахтбур ҷазо гирифт

Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.

                                                                                                  (м.44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон)


Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳия санаи 31 майи соли 2021 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Саимадов Бахтовар Мусоевич, 4 декабри соли 1991 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор, мувақатан бекор, пеш суд нашудааст, ӯҳдадори ҳарбӣ, бе ҳизб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, Ҷамоати деҳоти Ситораи сурх, деҳаи Меҳнатобод, бо қисми 1 моддаи 234 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо  баррасӣ намуда, чунин муайян намудааст.

Судшаванда Саимадов Бахтовар Мусоевич санаи 23 октябри соли 2021, соатҳои 10-00 дақиқа бо мақсади ба даст овардани фоида, аз ҳудуди қитъаҳои махсуси муҳофизатшавандаи заминҳои Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон як адад дарахти навъи бед қутраш 0,80 см-ро ғайриқонунӣ бидуни иҷозати Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бурида ҳамчун ҳезум истифода бурдааст.

Мувофиқи маълумотномаи Бахши муҳити зист дар ноҳияи Ёвон таҳти №36, аз 11.03.2021 сол судшаванда Саимадов Бахтовар Мусоевич ба Бахши муҳити зист дар ноҳияи Ёвон ба маблағи 1972 сомонӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

Бо ин кирдораш судшаванда Саимадов Бахтовар Мусоевич ҷинояти ғайриқонунӣ буридани дарахт, буттаҳо ё изғичи печон ё ҳамчунин расонидани зараре, ки ба сабзиши ояндаи онҳо дар ҷангалзори гурӯҳи якум ё қитъаҳои махсус ҳифзшавандаи ҳамаи гурӯҳи ҷангалзорҳо имконнопазир гардидааст, инчунин дарахту бутта ва изғичи печон, ки ба фонди ҷангал дохил нашудааст ё буридани онҳо манъ шудааст, агар бо ин кирдор зарари ҷидӣ расонида шуда бошад, содир намудааст.

Бо ҳукми суд Саимадов Бахтовар Мусоевич дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 234 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин қисми модда ҷазо дар намуди корҳои ҳатмӣ ба муҳлати 180 (яксаду ҳаштод) соат дар ҷойҳое, ки намуди онро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад, бо давомнокии на зиёда аз 4 (чор) соат дар як рӯз, таъин карда  шуда, аз ҳисоби Саимадов Бахтовар Мусоевич ба фоидаи давлат дар симои Бахши муҳити зисти ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон зарари моддии расонидашуда ба андозаи 1972 (як ҳазору нуҳсаду ҳафтоду ду) сомонӣ рӯёнида шудааст.

Раиси суди ноҳияи

Ёвони вилояти Хатлон

Абдуллозода Ҷ.А.

Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.