Ҳодисаи нохӯш дар осёби барқӣ

Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки ба кор қабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба ҳифзи меҳнат ва омӯзиши усулҳои бехатари кор дастур диҳад.   Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.  Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.

(моддаи 336 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон)


Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон санаи 9 апрели соли 2021 дар маҷлиси сайёри судӣ дар кўчаи Меҳвар 9 ноҳияи Ёвон ва дар маҷлиси ошкорои судӣ дар бинои суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон,  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Қурбоназаров Исроил Исмоилович, 26 декабри соли 1962 таваллудаш, зодаи ноҳияи Ёвон, миллаташ тоҷик, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳсилоташ миёна, оиладор соҳиби 7 нафар фарзанд, соҳибкори инфиродӣ, пеш суд нашудааст, ӯҳдадори ҳарбӣ, бе ҳизб, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, кӯчаи Меҳвар, хонаи №62, ҳуҷраи №42, бо қисми 1 моддаи 154 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуда, чунин муайян намудааст.

Дар маҷлиси  судӣ муайян гаштааст, ки судшаванда Қурбоназаров Исроил Исмоилович аз соли 2014 то инҷониб Осёби барқӣ воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвонро ба иҷора гирифта, дар он ҳамчун соҳибкори инфиродӣ кор ва фаъолият намуда, ҳамчун корфармо дар давраи кориаш талаботи моддаҳои 335 ва 336 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатариро риоя накарда, ба коргари ноболиғ Муродалиев Фаридун Аҳёнхуҷаевич, 18.01.2004 соли таваллудаш, шароити кории мусоид фароҳам наоварда, оиди тарзҳои бехатарии иҷрои корҳо талим ва дастурдиҳиро ба роҳ намондааст. Ин ҳолат боиси он гаштааст, ки санаи 13.02.2021 сол, тахминан соати 17-30 дақиқа ноболиғ Муродалиев Фаридун Аҳёнхуҷаевич, ҳангоми машғули кор дар дохили Осёби барқӣ воқеъ дар кӯчаи Б.Ғафурови Ҷамоати шаҳраки Ёвони ноҳияи Ёвон, аз беэҳтиётӣ дасти росташ дар болои тасмаи Осёби барқӣ расида, дар натиҷа ангуштони дасташ ҷароҳати ҷисмонӣ гирифтааст, ки ҳолати мазкур бо хулосаи экспертизаи судӣ-тиббӣ аз 12.02.2021 сол, таҳти №21 ба пуррагӣ тасдиқ мегардад.

Мувофиқи хулосаи раёсати Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Хатлон аз 11.02.2021 сол сабаб ва омилҳои ба вуҷуд омадани ҳодисаи нохӯш, ки дар натиҷа ноболиғ Муродалиев Ф.А. ба саломатиаш ҷароҳати миёна бардоштааст, ин вайрон намудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ва дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи корфармо, яъне судшаванда Қурбоназаров Исроил Исмоилович мебошад.

Судшаванда Қурбоназаров Исроил Исмоилович бо ин кирдори қасдонаи худ ҷиноятро барои вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ё дигар қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби шахсе, ки ба риоя кардани он масъул мебошад, агар он аз беэҳтиётӣ боиси зарари вазнин ё миёна ба саломатӣ ё бемории касбӣ гашта бошад, содир намудааст.

Бо ҳукми суд Қурбоназаров Исроил Исмоилович дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1 моддаи 154 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 1 (як) сол бо нигоҳ доштани 20 (бист) фоизи музди меҳнат ба фоидаи давлат, дар ҷойҳое, ки мақоми иҷрокунандаи ҳукм муайян менамояд, вале дар ноҳияи истиқоматии ӯ таъин карда шудааст.

Раиси суди ноҳияи Ёвон

Абдуллозода Ҷ.А.

  • Истифодаи маълумотҳои сомонаи расмии Суди ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон бо нишон додани суроғаи сомона http://yovon.sud.tj иҷозат дода мешавад.